Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Садои шоҳ Искандар баланд мешавад ва дигарон баробар такрор мекунанд ин ҳарфро ва ҷомҳои бода болотар аз сарҳо мегарданд ва дасти Биталомус баробари дасти шоҳ, ки бар тахт ба по шуда соғар ба сақф рост мекунад. Ва садои чакочаки ҷомҳо мебарояд ва овози дигар меояд:
«Поянда бод Юнон!»
Садоҳо ба сақфи пасти толор бархўрда, зуд хомўш мегарданд ва Искандар пай мебарад, ки ин толор барои базм нест. Шукўҳ ва ғулғулафканӣ надорад. Вале барои зери назар гирифтани дўсту душман мувофиқ аст; камсутун.
Ва чашмони Лимн боз онеро меҷўянд, ки бештаринҳо дида барнамедоранд аз ў. Александри Линкестидиро меҷўяд Лимн, ки зери назари нозирони шоҳ аст ва гумонбаранд, ки қасди дерсола дорад ба шоҳ ва ў метавонад балвою исён барангезад. Аммо Александри ашрофзода миёни дўсту душман сар баланд медорад ва исрор намекунад, ки сари ду бародарро ба хотири шоҳи ҷавон оварда. Ҳарчанд пушаймон аст аз карда. Касеро чизе намегўяд ва кина дар дил дорад, ки шоҳи шахгардан қадршинос набувад ва ўро хидмат кардан худкуширо баробар бошад.
Ромишгарон ноогоҳ аз нақшаҳои шоҳу баъзе дўстонаш ҳамчунон нағма мекунанд ва баробари арғушти гетерҳо сару гардан меҷунбонанд ва баъзе миёну кавора. Нохуш мерақсанд гетерҳои юнонӣ ва раққосаҳои бобулӣ ва дўшизаҳои мисрӣ аз суст омадани гетерҳо хешро ҳунарманд пиндошта, ҳамроҳи сарбозони ба хонадорӣ паймонкарда хуб арғушт мераванд. Вале ин чизҳо шоҳро аҳамияте надорад ва шароби ошомида намедонад куҷо меравад.
Танҳо Кратер медонад, ки аз дилу мағзи шоҳ чӣ мегузарад.
Ҳамчунон Иоллай шоҳ Искандару лашкари бефанои ўро ситоиш мекунад, Пердиккас бефиреб бода мехўрад, Биталомус ҷом ба сақф мебардораду садо баланд мекунад, ки аз пилзўрии шоҳзодаи мисрӣ огоҳ бошанд. Ҳар кас вазифа дорад; ҳатто ширинкороне, ки ба таври худ дар тамоми давраҳо сарбозони камхираду сабуксорро гирифтори рафтору хушгўйиҳои хеш мегардонанд, имрўз барномаашонро дигар кардаанд. Чанд масхарабози ниқобпўш, сарҳои бурида дар бағал, назди тахти шоҳӣ меоянд ва ба шоҳи порсипўш рў оварда, сари суҷуд меандозанд ва баробари садо кардани мусиқӣ сарҳоро ба даст гирифта, ба рақс медароянд ва овозхонӣ мекунанд:

«Бародарам, баробарам, сари дар сарам.
Гуфтам, ки сар барам, гуфтам, ки зар харам.
Бўйи умед нест аз ёри сархарам,
Беҳуда сар задам сари бародарам...»

пешина
аз 411
навбатӣ