Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба забони юнонӣ гуфт Искандар ва Оксафри порс сухани ўро фаҳмида сар ҷунбонд ба миннатдорӣ, вале мунтазири пурсу посух ва илтифоту марҳамати Искандар нашуда, парраҳои биниаш фиркиданд, нояш фарохтар гашт, китфонаш ҷунбида, ба ларза омаданд ва фарёд зада, хешро ба рўйи мурдаи бародар андохт:
— Дареғи бародарам – Доро, Дорои Кудумон... Дареғи шоҳи Эрон...
Ва Искандар натавонист коре кардан ва ё чизе гуфтан. Ҳарчанд «дареғи шоҳи Эрон» гуфтани бародари шоҳ Искандарро нафорид, хешро вазнину сангин нигаҳ дошт. Ба дигарон низ нигоҳ кард, ки саргўшиҳо доранд ва яқин мазмуни гўяҳои бародарро ба якдигар фаҳмонанд ва тарҷума кунанд. Оксафр ё аз дилсўзӣ ё барои намоиш ва ё барои бовар кунонидани Искандар фарёд мекашиду худро мезаду меканд ва шоҳи мақдуниро аз чунин рафтори бародар аҷаб омад ва ёд овард, ки ў низ бародарон дошт ва чӣ гуна бо дастони худ кушт. Кас бовар карда наметавонад ба тухми одамӣ; баъзе аз мурдаи бародар хушнуд мегарданд, бархе ғамнок. Шоҳи мақдунӣ чизе нафаҳмид аз рафтори бародари шоҳи Порс ва пеш омада даст бар дўши ў ниҳода, ҷунбонд, то ўро ба худ орад:
— Ором бишав...
Аммо Оксафр оромӣ надошт: «Бародарам, ҷавонмаргам...»
— Ором бишав... Бародари туро ман накуштаам... «— Бародарам... Гўл заданд туро, бародарам.»
— Гумон набарӣ, ки ман куштам ўро...
— На.
— Ман мурда дарёфтам ўро...
— Медонам...
— Пас чаро шеван назди ман кунӣ?
— Назди кӣ ово кунам, Искандар?
— Охир ман накуштаам ўро.
— Ўро Бесус кушт. Бесуси Бохтарӣ.
— Ва ту будӣ? Дидӣ?
— Нна. – сар ҷунбонд ў. – Маро ба дарёфти модарам фиристода буд Доро. Ва ман... – сухан карда натавонист ў ва дигар кард мазмуни сухан: — Дар роҳ ба ман гуфтанд, ки чунон шуд...
Бародарам...
— Модари ту, ки дар Бохтар нест, чаро аз он сў омадӣ?
— Пас модари ман дар куҷост?
— Ба донисти ман, дар Ҳикмотоно...
Сар ҷунбонд Оксафр ва баргашта ба Искандар нигашт:
— Шиносӣ модари маро?
— Бале, шиносам.
Рў ба ҷасади хунбастаи бародар овард ва оҳиста гуфт: «Бале, ў шиносад модари моро... Вале ман зиёд ҷустам, пайдо накардам ўро. Ва мурдаи туро дарёфтам, бародарам.»

пешина
аз 411
навбатӣ