Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷанозаи шоҳ Дорои Саввум ҳайрон монда буд. «Чӣ бояд кард?» рў овард ба ҳозирин ва онҳо китф дар ҳам кашиданд ва Аристандр худро баҷуръаттар гирифта, фармуд:
— Чун ҳамаи ононе, ки дар размгоҳҳои саҳройӣ мемиранд.
Ба чунин пешниҳод касе чизе нагуфт. Зеро ҷанозаи шоҳи Порсро андар биёбон ба хок супоридан намехост Искандар. Зеро маломаташ зиёдтар аз он мебуд, ки худи ў ноҷавонмардона кушта бошад. «Ба Ҳангаматоно бояд фиристод» маслиҳат медод нафаре.
«Ба Эроншаҳр бояд бибурд» мегуфт дигаре. «Дар мазори Анаҳито, паҳлўи гўри Куруш бояд дафн кард» ризоият медод саввумӣ. Ва Искандар медонист ҳама андешаҳоро, вале дилаш об намехўрд ба яке. Зеро ташвиши зиёд дошт ва шоҳи мақдунӣ аз роҳ бозгаштан намехост...
Ва сутуни чангу ғубор боло шуд дар роҳи Бохтар. Ҳама маслиҳату машваратро фаромўш карда, рў ба он ҷониб оварданд.
Сутуни ғубор гоҳе баланду гоҳе паст шуда пеш меомад ақли ҳамагонро рабуда. Ва баъд яккатозе аён гашта, чанд газ пештар аз ғубор меомад ва аз зери суму наъли тезтаки ў чангу ғубор боло мешуд. Чун боде намевазид дар бодия, гарди роҳ сар сўйи фалак мекашид. Тез омадани асбро дида, тааҷҷуб карданд. Ва Искандар дасти рост боло карда ишора бар он кард, то касе ноҷо ҳаракат накунад.
Чун рикобӣ наздиктар омад, гўйӣ ишораи шоҳ Искандарро дида ва рамуз гирифта бошад, низ даст боло кард. Ишораашро дарёфтанд, ки ошнойӣ мехоҳад. Ў ҳамчунон то поси аввал битохт ва чун фарасе монанд ба Шаҳбоди шоҳ Доро зери ронаш буд, сарафзор кашид, асб бозистод. Пой аз рикоб канд ва зер шуд.
— Кистӣ ва аз куҷо меойӣ?
— Оксафрам, бародари шоҳ Дорои Саввум. Аз Хазар меоям.
Сарпос пеш омад назди Искандар ва фармуд:
— Пайке омада. Хешро бародари шоҳ Дорои Саввум мехонад.
Искандар гўйӣ то алвақт банди чунин андеша ва нигарони ҳамин пайк бошад, баргашту нигашт сўйи омада, ки ришу мўйлаби сиёҳи кўтоҳ дошт, чунон ки шоҳ Доро. Искандар ба ў нигаристу ба шоҳ Доро; ба шоҳ Дорои мурда нигашту ба пайки зинда ва муқоиса кард. Монанд буданд он ҷондору беҷон. Мурда андар либоси шоҳӣ, зинда дар либоси дарборӣ. Шоҳи оғушта ба хун ва пайки оғушта ба чангу ғубор.
— Бифармо!

пешина
аз 411
навбатӣ