Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Коллисфен гарчӣ саҳнаи размгоҳро мебинад, рафтори мурғони мурдахорро зери чашм дорад, намедонад чӣ нависад. Намедонад кӣ кушта шоҳ Дороро ва ин ҷо чӣ оварде шуда.
— Кару гунг? – боз пурсид Искандар.
— Гўш дорад, мешунавад, забон дорад, намегўяд, – арз кард ҷаллод.
— Қасдан? – пурсид Искандар.
— Равшан на, шояд қасдан ҳам бошад...
— Сараш бигир!!!
Амру фарёди саҳл набуд. Ҷаллод як қад парид. Табибон низ.
Рост шуданд онҳо ва ҳайрон монданд, ки чун шавад? Ў, ки мехост ба забон омадани ўро. Ва хавф кашид ҷаллод, ки Искандар «мурад, мемурӣ» гуфта буд.
Чун Искандар гуфту бирафт, ҳоҷати таваққуф ва ё бозистодан набуд. Қирёс пиндошт, ки кор ва мушкили онҳоро шоҳ осон кард.
Шамшер гирифт. Гардан зад оқибат ҷаллод, ки ҳунараш буд. Сари ҳанўз ҷондор хуншор ғелид бармоларо. Тани сарҷудояш чун мурғи сарбурида тамоми нерў ба кор бурда, ҷунбид, по кашиду ёзид ва то охирин қатраи хун нои нафас хир-хир кард ва...
Каргасе ҳуҷум овард бар сари ғелон, чанг зад, ба чанголаш нагунҷид сар ва ғелид ба хамие. Каргас бол зада бар ҳаво шуд ва боз нишеб омад сўйи каллаи бетан. Чизе рўй дод, ки соҳиби сар дар зиндагиаш метарсид...

БАНДИ ДУВВУМ

Гирд гирифтанд гардунаи шоҳии Дорои Саввумро. Искандар ҳанўз ҳам баумед буд, ки касе пайдо гашта, рухдоди фоҷиъаи размгоҳро мегўяд ба ў ва шоҳи мақдунӣ аз рўйи он амал мекунад.
Вале ба ҷуз «Бесус» чизи дигар нашунид. Пасон фармуд Бесусро дастгир кунанд. Ба чаҳор самт асб монданд сарбозон, аммо Бесусро пайдо карда натавонистанд. Баъд Искандар сар шикаст, чӣ кунад бо мурдаи шоҳи Порс. Ў зинда ба даст овардан мехост Дороро.
Пасон аламашро ситониданӣ буд. Аз ин рў ғаш дорад ва аз чӣ сар кардани корро намедонад. Гўиё алҳол бо ҷомаи зарбафти порсӣ рўйи Дорои Саввумро пўшида, ҳама сирру савдоро сарбаста медорад. Чун сомон гардад ҳама кор, парда аз рўйи мурда хоҳад бардошт ва нақшаҳои «Ҷанги Порс»-ро идома хоҳад дод.
Ва ҳолиё мушкилот ҷанозаи шоҳ Дорои Саввум бувад. Шоҳ Искандар раммолҳоро фаро хонда, фол нишон дод, то гўянд кирдору асбоби овардро. Сарраммол Аристандри талмосӣ «Аз дасти ошно кушта шудааст ва ҷанг низ оварди худӣ будааст» гуфт. Аранге дарёфт Искандар, ки шояд ҷанг бо Бесус бошад, аммо мурод чист? аён нагашт. Чашм чаронд хешро ба нодонӣ зада, ки шояд ҷондоре, мушоҳиде пайдо гардад, ки корзор ва асбоби онро ба эшон ҳикоят кунад, аммо касе пайдо набуд.

пешина
аз 411
навбатӣ