Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандарро чунон намуд, ки Оксафр эътиборе намедиҳад ба ў. Ҳатто парвое надорад, ки дар доми душман аст ва бо онон дигаргуна муомилаву муносибат кардан рост меояд. Имо кард.
Ду тан аз ду бозуи ў дошта бардоштанд ва дур бурданд аз сари мурда.
— Ва ту донӣ, ки чун шуда? – пурсид Искандар пеш омада.
— На. – сар ҷунбонида посух дод Оксафр, ки ҳиқ-ҳиқ садо мекард гулўяш. – Ман надонам. Аммо гуфтанд, ки Бесус кушт.
— Барои чӣ?
— Барои чӣ мешуд? Барои тахту бахт.
— Барои тахту бахт?
— Оре. Миёни дастаи сатрапҳо ва сипоҳи мунтахаби Доро ҷанг шудааст ва фавҷи кирояи Патрон гоҳи набард пушти сар ба корзор гурехтааст ва сипоҳи сатрапҳо асир кардаанд Дороро...
— Будӣ он гоҳ?
— На. Гуфтанд.
— Ва ҳолиё чӣ кор кунӣ?
— Бубарам ҷанозаи бародарамро. Пайдо кунам модарамро ва якҷоя бигирйем чу абри навбаҳор ва ў гўя кунаду ман мўя.
Искандар ўро сарзада пиндошт ва хандид. Зеро сайди ба дом омада умеди гурез накунад, балки талош кунад ба раҳойӣ. Вале рафтори Оксафр ҳайратангез бувад. Ончунон ҳарф мезанад, ки Дорои Саввум ҳанўз ҳам шоҳ бошад ва дигарон ўро хидматгузор. Искандари рамузгир қасдан пурсид аз ў.
— Дар куҷо хок хоҳӣ кард ҷанозаи бародаратро?
— Дар Армания.
— Дар Армания?
— Оре!
— Чаро?
— Зеро ў зодаи Армания бувад.
Ҳайрон шуд Искандар ва зиёд мулоҳиза карду фармуд:
— Гумон карда будам, ки ў шоҳи Эрон аст.
— Шоҳи Эрон буд, шоҳ Искандар... Аммо фалак чӣ бозиҳое дорад...
— Магар бозӣ ба бозӣ шуд чунин?
— Оре, шоҳ! Бозӣ ба бозӣ... Қисмати шоҳони порсӣ чунин будааст. Ба ҷуз Куруш ҳамаро худиҳо куштанд бозӣ ба бозӣ. Писарони Курушро бозӣ ба бозӣ куштанд... Ардашеронро бозӣ ба бозӣ куштанд ва Дороёнро низ...
— Ва боз кӣ монда?
— Касе намонда...
— Ва ту... ки хешро бародари Дорои Саввум мегирӣ...
— Ва ман мурдаам...
— Чаро чунин...
— Шоҳ, ки ба чунин ҳол бошад, рўзи бародари ў чун шавад?

пешина
аз 411
навбатӣ