Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Искандар аз чунин хобро таъбир кардани раммол шодон гашт ва ўро як тангаи андар Тир сикказада бахшид ва гуфт:
«Ин пешдод бувад, агар таъбират рост баромад, аз сарат чунин тангаҳо резам.»
Ва баъди он, ки ҳанўз аз рўз дарак набуд, назди Барзин баргашт ва хобу таъбири фарорун бозгуфт. Барзин ба андеша рафт ва баъди дудилагиҳои зиёд афзуд:
— Аристандри талмосӣ ҳамаро дуруст гуфта, вале чизеро аз ту пинҳон дошта, то боиси малоли хотират нагардад.
— Чӣ буда он чиз?
— Он чизи пинҳонӣ набувад; худи шоҳ хуб донад. Вале таъкиди он фарз бошад: ҷанги шадид шавад, дер идома ёбад. Шоҳ дар набард набояд шитоб кунад; осема нагардад; ба ғазаб наояд.
— Агар ин корро бо роҳи сулҳу салоҳ ҳал кунам?
— Нашавад, шоҳ.
Миёни абрўвони Искандар гиреҳ зад, ки ҳар бор мушкилот пеш ояд, чунин мешуд. Ва баробари шугуфтани чашми рўз Пармониёни сипаҳсолор ва чанде аз бузургони лашкарро пеш хонд ва ройсозӣ кард. Коллисфени таърихнигорро фармуд:
«Ба ҷаноби Азимулмулк!
Сипоҳи мақдунӣ нахоҳад, ки чунин шаҳри зебову зебоманзар чун Тир ба баҳр афканда бошад. Аз ин рў аз мардуми шаҳри ободон хоҳиш дорам, ки чун халқони боҳушу бофаросат ва дурандеш ихтиёрӣ бо лашкари Рум биомезанд, то занон ва пирону кўдакон осуда бошанд...»
Ва фиристодагон нома ба даст бар заврақе нишаста баҳрро убур карданд сўйи Тир.
Шоҳ Искандар дар шаҳри валангор дергоҳ нигарони бозгашти фиристодагон шуд. Дараке аз эшон набуд. Ва оне ки ҷасади яке аз онҳоро амвоҷ тасодуфан ба соҳил андохт, дарёфтанд, ки тириён намояндагонро кушта ба дарё афкандаанд.
Искандари тезхун ғазаб кард ва фармуд, ки аз Мелкарти таърихӣ нишоне намонад; ҳамаро кушта, вайрон карда, қабат-қабат ба дарё хобонанд; мурда зеру санг рў, санг зеру чўбу хок рў шибба кунанд; дамма созанд, роҳ кушоянд аз соҳил то Тир. Ҳукми подшоҳ воҷиб; ончунон карданд…
Ва он шаб Азимулмулк хоб дид худои Апполонро: Апполон аз эшон рў тофта, ки шаҳрдорӣ карда натавонистанд; ҳама ҷо ва ҳама соҳаву ҷабҳа нообод, валангор, нобасомон, бесоҳиб. Сарону сарварон ба корҳои беҳуда: маҳалгаройӣ, сарватғундорӣ, рақсу бозӣ, шаробхорӣ ва духтарбозӣ машғуланд; халқ, кишвар, ҳунармандон ва пирони хирадро фаромўш кардаанд. Бавижа он шоири нобиноро, ки таърихи офариниш, бунёди шаҳраки Палетир, дижи хурди Мелкарт ва шоҳону қаҳрамонони онро достон кардааст ва инак таърихи ҳазорсолаи Тирро достон карданист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё