Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лекин Искандар сару гардан хам накарда, ба банди дасти зан навозишкорона нўки ангушт зада, ўро орому осуда доштанӣ шуд ва пардаи паси гардунаро бардошта ба берун нигарист; ҷондореро надид.
Тор буду сиёҳшаб ва Роҳи Каҳкашон андаке равшанӣ мекард.
Онҳоеро низ намедид, ки даври гардуна посбон буданд. Яке аз бониён сурфид. Искандар надонист, ки амалиёти даруни гардунаро пай бурда сурфид ва ё гулўяш хориш кард. Ба ҳар тақдир гирди гардуна муҳаррик шуданд ва шоҳ парда оҳиста фаровард ва хешро дар оғўши Барзин андохт.
Тани гарми Барзин бадани ҷўшони Искандарро нафорид. Балки ў майли дарёро дошт. Бо чунин тафсои тан оби сарди баҳрро убур карда то Тир расиданӣ ва рўйиндижро осон ба даст оварданист.
Аммо муаммои тилисмро кушода натавонад. Магар сапедадам наздик буд, ки боди форами баҳр вазид ва шоҳро рўҳ бахшид; андаке осуда гашт ва боре даҳон кушод хоболуд чу моҳӣ. Ғанав кард… Геракли диловарро дид дар хоб. Геракл аз паси бораи баланди дижи Тир сўйи ў даст ёзид. Искандар низ бо хушҳолӣ даст ёзид. Геракл дасти ў фишурд. Шодон гашт Искандар. Геракл девори сахту баландро мушт зада шикаст ва тела дода афканд ва Искандарро ишора кард, то бар асари ў биравад. Искандар чанде гом зад ва пояш ба девори шикаста бархўрда, калавида ба сар рафт. Геракл пас гашта дошташ… Бедор шуд… Ҷаста хест, то Геракли мушкилосону раҳнаморо гум накунад…
Гардуна сахт такон хўрд. Барзин низ бедор шуд.
— Чӣ ҳодиса шуд, Искандар?
— Чизе нашуда, бихоб! Хоб дидам; хоби нек дидам.
— Бозгўй, чӣ хобе дидӣ?
— На! Аввал ба Аристандр бигўям, пасон ба дигарон.
— Рой турост, вале ман низ хобро бад нафаҳмам.
Ва ҳанўз гули субҳ нашкуфта сарраммол Аристандри талмосиро оварданд. Искандар аз гардуна бадар рафт ва рў ба рўйи баҳр бозистода даст ҷониби ҷазира ва шаҳри Тир хомўшу ором ёзида, хоб раммолро бозгуфт; чунон ки дар хоб даст сўйи Геракл ёзида буд, даст дароз карда, даст афшурдани қаҳрамони асотирии юнониро гуфт ва пасон девори қавию азим шикаста, аз пасаш бурдани шоҳро низ ҳикоят кард.
Раммол сар андохт. Гўё хоби пурмаъно ва душвортаъбир бошад, чашм пўшида ба хаёл рафт ва аз ғайб чизеро ва ё касеро ба мадад хоста як бор сўйи осмон пўшидачашм рў овард ва сар афшонда ҳамон зайл ба Искандар сар тофт:
— Хоби хуб… Геракли бобобузург нерў бахшидааст. Ёрманд ва раҳнамо гаштааст… Шоҳ Искандари пок дар новарди навбатӣ пирўз хоҳад шуд.

пешина
аз 391
навбатӣ