Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва бар ҳошияи достонҳо ҳама дарду алам ва орзуву армонашро нигоштааст, то ҳар чӣ бодо, бод! Зеро ўро ҳар қадар азоб диҳанд, чени нобиноиаш аламовар нахоҳад буд.
Худои Апполон норозӣ аз шаҳриёру шаҳрдор, инчунин аз тириён тарк гуфт ононро ва ба осмонҳо рафт.
Азимулмулк хеле парешон шуд ва он шаби пурҳарос хеш бар об андохту баромад; осуда нагашт. Сабоҳи зуд коҳинон ва раммолон фаро хонд. Онҳо дар пояи ҳайкали азими Худо, ки дар маркази шаҳр қомат афрохта буд, гирд омаданд. Хобро таъбир карданд. Апполонро хоин донистанд ва бо банди дароз лавҳаеро бар гарданаш овехтанд: «Лаганбардори Искандар!»
Ва аммо дар дил ваҳм гирифта буданд, ки рў тофтани худои Апполон нишонаи хуб набошад…
Искандари Мақдунӣ андар шаҳрчаи қадимаи Палетир ба вайрон кардани ҳарами хурди Мелкарт даст зад. Афсарон, сарбозон, бардаҳо, ғулому зархаридон, пиру барно ва ҳама бекоронро кор ёфт шуд: сангу чўби хароботро мекашонданд; гилу хишту оҷури появу бурҷу бораҳои афканда ва чўбу чахсро мебурданд ба дарё.
Баҳри бетаг ҳамаро чу мағоки олам фурў мекашид. Рехта мелағзид чу моҳӣ. Диданд, ки бо моҳӣ рехтан дарё пур нагардад, чораи дигар андешиданд: Искандар фармуд ба кўҳи Лубнон бираванд ва бешаи онро бурида биоваранд. Чунон карданд; чунон ки Авҷи Азамат барои буд кардани киштии Нўҳ дарахтеро аз ҷазираи дур бо беху бунаш канда оварда буд. Онҳо низ дарахтони бешаро кандаву бурида оварданд. Ба баҳр андохтанд; сангпахш карданду хоку рег рехтанд. Ва андак-андак пеш рафтанд. Баҳр низ фурўтар мерафт; ба таҳ мекашид ҳама рехтаҳоро.
Ва чун тириён донистанд, ки мақдуниён вайронкорӣ кардаанд, ба ғазаб омаданд. Диданд, ки сохтмони роҳи миёни баҳр нисф шуда ва Искандар ба сохтани бурҷи тўп омода мегардад, андар дидгоҳҳо шинак гирифтанд, андар бурҷу бораи диж тирандозҳо сохтанд ба изофа, ҳозир шуданд ба ҳамлаҳои шабона…
… ва шабохун заданд бо сафинаву заврақҳо. Вайрон карданд роҳи сохтаи мақдуниёнро; бурданд чўбу тахтаву шохҳоро. Мушкил сохтанд кори мақдуниёнро. Ва Искандар дубора фармуд, ки на танҳо дарахт, балки дар кўҳу камар санг намонда бояд бикашонанд ба баҳр.
— Аз нав бисозед! Шабону рўзон посбонӣ кунед!
Ва худ машғул буд бо Барзин андар пардасаройи лаби баҳр.
— Дер афтидӣ ба домам, мурғаки зебо… Соли чаҳор аст, ки шамшер мезанам, бисёр нозанинон дидам, аммо ту чизи дигарӣ.
Барзин табассум дошт, вале Искандари зирак пай бурд, ки таги дилаш буғз дорад.
— Медонам, ки гуноҳи маро намебахшӣ, Барзин.
— Кадом гуноҳатро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё