Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Горди миллӣ гузашт. Шоҳ ба сипаҳсолор нигоҳ накард. Миёни фавҷ писарони ў нанамуданд. Дилаш таҳ рафт ва гумон кард, ки пеши пояш шорид. Арақи сард фаро гирифт сару танашро; бемадор гашт ва чун чашмаш ҳаммонанди чашми каси камхун сиёҳӣ зад, сари по нишаст. Ҷиран бўйидаш; гўё бо нафаси нарму гармаш арақи сару гардани ўро мехушконид. Банди сарафзори Ҷиранро ба даст печонд, то аз ҳуш рафта канори роҳ нахобад. «Ҳммм…
– базўр нафас баровард, – подоши хидматҳоям… чунин расад аз шоҳ» аз мағзи сар гузаронд ва баҳушу беҳуш ба фавҷи сарбозони кирояи юнонӣ дида дўхт, ки шояд ҳамчун ҷанговарони бегона ва хиёнаткор писаронашро ба ин гурўҳ ҳамроҳ карда бошанд…
Нанамуданд писаронаш…
Саворе асбашро ҷилав гардонд ва назди ў омад, ки Ҷиран кишна кард ва сайҳа кашид.
— Ай сарлашкар! Ин ҷо чӣ кор кунӣ? – бо забони юнонӣ пурсид.
Чун сипаҳсолор Ортабоз сар боло кард, Патрони Фокидиро бидид ва ба ҷойи он ки посух гўяд, пурсид:
— Писарони ман куҷо шуданд?
— Писаронат ба пешвози Искандар рафтанд.
Талх буд? Киноя буд? Рост буд, дурўғ буд? Ортабоз нафаҳмид ва боз пурсид:
— Яъне, чун?
— Яъне … яъне чун писарат Ориёбарзан ва писарони дигарат Аршаку Қоф аз шоҳ рўй тофтанд, сўйи лашкаркаши Мақдунӣ шитофтанд.
— Дурўғ магўй! Писарони ман ҳеҷ гоҳ ба пешвози душман нашитобанд!
— Шитофтанд – шитофтанд…
— Магар шоҳ фиристода?
— На. Худашон шитофтанд… Чун аз шоҳ Доро чизе нарасид, шояд аз шоҳ Искандар бирасад.
— Кинояҳоятро мон, юнонӣ! Рост бигўй, ки шоҳ онҳоро ронд ё қатл…
— На-на! Онҳо зиндаанд… Агар бо ҳукми Искандар кушта нашаванд…
Сипаҳсолори пири барҷомонда, ки андаке пеш мадори рост истодан надошт, ҷўшид ва ҷаста хест.
— Рост бигўй!!!
— Рост гўям!
Низ садо баланд кард ва хандид.
Охирин сарбозони пиёда, ки аз рў ба рўйи эшон гом зада мегузаштанд, садои хандаи Патрони юнониро шунида, гардан тофтанд ва хаставу шалпар роҳашонро идома доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор