Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Аммо чун бар асб нишаст, ҳавои саворӣ ба сар омад; ғурур кард: «Чу! Чу, ҷонвар!» Ҷилав афшонд, вале ба пошна задан дилаш нашуд, ки сахт расад Ҷиранро: «Азобҳо додам туро, Ҷиран…» пўзиш мехост.
Аммо ҷонвари бофаҳм гўш афшонд: «На-а-а…»
Ва сипаҳсолор надонист сари Ҷиран ба кадом сў тобад; Сўйи Ҳамадон ё ҷониби Дарвозаи Хазар. Чун ҳайрон буд, ихтиёрро ба Ҷирани рамузфаҳм вогузошт: инон ба ёли ў бор кард ва аз кўҳаи зин дошта фармуд: «Чу!» то Ҷиран ба кадом сў майл кунад.
Ҷиран рўйи роҳ омад ва бозистод, то чӣ фармоне пеш ояд аз савор. Сипаҳсолор чизе нафармуд. Ба ҳурмати он ки Ҷиран соҳибро гуфтаву ҷуста, аз миёни бурду бало гузашта, ўро пайдо кард, ихтиёрро ба ў вогузошт. Ва Ҷирани ба фармон одаткарда чун фармонеро нашунид, миёни роҳи фарохи корвонгузар уреб истод: сар ба шимоли ғарбӣ ва дум ба ҷануби шарқӣ қарор гирифт, то чӣ ояд аз сипаҳсолор: «Ҷонвар, худат донӣ…» Ихтиёр Ҷиранро дод: «Чу!»
Ҷонвар ҷувозак гашт, ки рўйи нармхоки роҳ харона ғел мезада бошад. Вале гашт-гашту чун ақрабаки самтнамо рў ҷониби Ҳангаматон бозистод. Чун самт муайян шуд, сипаҳсолор фармуд:
«Чу, ҷонвари доно, чу!»
Ва асби доно роҳ сипард сўйи Ҳамадон. Андаке дум аз замин боло гирифта, пайванди пой ба назар шикаста ва чаҳорнаъл намуда сўе шитофт, ки ободон буд. Ҷонвар боазм мерафт ва гўйӣ бепарво, вале сипаҳсолор дошт; беписар омад, шоҳ чӣ фармояд?
Назди шоҳ равад, чӣ кораш кунад? Беписар омад, чӣ кораш кунад?
Фардо чӣ шавад, фардо?
Вале ба Ҳамадон нарасида, аз пеш чангу ғуборе боло шуд.
Сипаҳсолор пиндошт лашкари Искандари Мақдунӣ пеш ояд…
Ва чун даррасид, сипоҳи Дороро дид.
Сипоҳе, ки дили сипаҳсолорро аз сипоҳдориву лашкаркашӣ сард гардонда буд. Дастаеро мемонд, ки аз лашкари пурзўре шикаст хўрда рў ба фирор оварда бошад. Аммо аз паси чангу ғубор фавҷи чаҳорҳазораи сарбозони кирояи юнонӣ меомад, ки Патрони вафодор сарварӣ мекард. Ва ҳама умеди шоҳ Доро ба ҳамин бардаҳои зархарид буд. Чун сипаҳсолори пир хиёнаткориҳои сарбозони кирояи юнониро медонист ва борҳо Дорои Кудумонро гуфта, ганда шуда буд, дилаш аз ҳама чиз монд; вале андешае дошт, ки барои беписар баргаштанаш шоҳ бо ў чун кунад.
Сипаҳсолор асбашро бероҳа кард, то роҳ диҳад сипоҳи шоҳро ва фаромад аз пушти зин, то эҳтироми шоҳи Порсро ба ҷо оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор