Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипаҳсолори пир завқ бурда ба пешвози Ҷирани бовафо оғўш кушод ва пеш рафт. Ҷиран чун назди соҳиб омад, дастак зада замин канд ва ҳамон зайл – сари ғурур нафароварда, хеле кишнаву меҳрубонӣ кард, пасон зону шикаст пешаш. Сипаҳсолор об дар чашм пеш омад, ки дил пур аз мадда дошт, ҷикка пур аз ҳасрат.
Сари баланди асбро сила кард, дастмол кард ва Ҷиран дасту бозуву тану либоси соҳибро мешамиду бўй мекашид. Лабак мезад. Соҳиб низ ўро бўйиду бўсид. Ҷиран низ буни гардани сипаҳсолорро бўйиду бўсид, ки нафасаш гармтар аз дами Офтоб буд. Нам ва бўй дошт нафасаш. Сипаҳсолор ёлу фиш, гардан, пешсина, сағрӣ ва сари шонаҳои Ҷиранро кафмол кард ва боз бўйиду бўсид ва ашк аз чашмонаш шорид: «Хубтар ва боақлтар аз фарзанд будайӣ…» Ва бо навозиш ба китфи ў зад, то ба по шавад. Зонувони шикастаро рост кард асби донову рамузфаҳм.
Савор нашуд. Дилаш сўхт Ҷиранро ва раҳм кард ин ҷонвари одамақлро, бо он қадар ранҷу азоб ва дар набардҳо тозиёнаву пошнаву маҳмез задану ситам кардан аз ў наранҷида. Агар Ҷиран чун одами бадкина буд, сар ба биёбон зада, канори Хазар рафта, сарҳуй гашта, озодиву танҳойӣ ва бехўҷаиниро авло дониста, дар шибару марғзорҳо ҳузуру ҳаловат мебурд.
«Чун ақлат давид, Ҷиран? Ақли писаре, ки аз хуни худам рўйида, ба ин чиз нарасид; ақли ту расид… Чӣ гуна бар зинат нишинам, ки хушфаҳмтар аз инсонӣ… Биё – биё! Мани хомхаёл афзори ҷангиро вазнину бори гарон дониста, афкандам… Беҳуда… Рафтори туро дида, донистам, ки беҳуда кардаам. Кас либоси тан, бавижа афзори ҷангиро набояд рўйи роҳ афканад…»
Ҷилав кашида то ҷое омад, ки хўду ҷавшан андохта буд. Бардошт, то пўшад, гаронвазн тофт. Ҷавшан бар хонаи зин андохт ва боз хомўш инони ҷонварро кашид. Ҷиран гардан ёзид, аммо гом назад.
«Чӣ хоҳӣ? … Савор шавам?»
Ҷирани сапедпешонӣ пойи рости песадорашро ба замин зад.
«На, савор намешавам… Одам одамро набояд савор шавад; ту ҳайвон найӣ, аз одам ҳам боақлтар… Биё! Чу! Роҳ гард ҷонвар!
Чу!»
Вале Ҷиран пеш нарафт. Ҳамон зайл, ки гардан ёзида буд, бозистод.
«Хайр, майлат чунин бошад… Лекин аз гуноҳам гузар; пўзиш аз ту.»
Ҷавшан бозгирифт аз хонаи зин, хўдро низ. Шамшер бар кўҳаи зин овехт ва пўшид афзор: ҷавшану хўдро. Пой бар рикоб ниҳод. Боз андешид, ки савор шавад ё на? Пой бозгирифт. Пуштанги зин сахт кашид ва савор шуд… Сипаҳсолорро мемонд. Вале он сипаҳсолорро, ки сипоҳ дошт, амр дошт ва нерў монанд набуд, балки як сарлашкари тамоми сипоҳ талаф дода аз миёни мурдаҳо ҷон гирифта хеста ва баъди ранҷи зиёд ба худ омада…

пешина
аз 391
навбатӣ