Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То фоҷиаи бузург пеш наояд… На! Бузургтар аз фоҷиаи Эроншаҳр фоҷиае набувад…»
Ва аз он ҷониб – аз тарафи Дарвозаи Хазар асбе омад бесавор. Нахуст хурд метофт аз дурӣ, наздик омада бузург шуд. Сипаҳбад пиндошт он асби бесавор аз дасти ҷилавкаш раҳо хўрда, тозон ин сў ояд. Аммо чун наздиктар омад, Ҷиран тофт. Ёлу думи заринашро фахондаву дамонда бодсуръат меомад ва бод гўйӣ бардошта меовардаш. Даҳонаву сарафзораш садо дардода ва рикобҳо бод гирифта ба ду ҷониб чу бол кушода чун симурғи Золи Зар баландтар аз Замин парвоз дошт… Гоҳе бўй аз хок кашида, гоҳе садо аз Фалак шунида, кишна карда, сайҳа кашида; меғ аз арзу само бароварда… меомад… Сипаҳсолори пир гоҳе надида чунин ҷилваву кишнаву тохту парвози Ҷиранро. Надониста ақлу фаросот ва меҳру муҳаббат доштани ўро. Ва ҳайрату тааҷҷуб карда, ки бо чунин асби донову зирак ва рамузфаҳм чӣ гуна кас тавонад набардро бохтан.
Ҷиран омад-омаду аз тори обканд гузашта андар карона чаҳор сум ба замин поя кард ва ҳайкалаш барафрохта гашт; ёлу фишу дум фахидаву дамида буд ва якбора чароғпоя шуд асб. Дастак зад дар ҳаво чунон ки шиновар дар об. Пас чаҳорпо шуд; ҷувозак гирд гашт. Боз замин бўйид, ҳаво шамид; бўйи ошноро шуниду шинохт, ки баргашт ба обканд. Ва равон шуд бар асари бўйи шунидааш.
Реза рафт, лўкка гирифт, то шитоб бояд бикунад ва чаҳорнаъл шуд. Аз сангҳои зери сумаш шарора мепошид.
Чашмони малахии Ҷиран дашти кушод ва Замину Осмонро дар худ гунҷонида буд ва дид, ки андар хамии обканд ҷонваре ҷунбуҷўл дорад. Диққати Ҷиранро рабуд. Гўш сих кард, ки бо гўш дида, мешинохта бошад. Хўсида гашташро суст кард. Фиркид.
Акнун на зайле чу бод меомад, балки шуморида пой мебардошту мениҳод. Якбора бозистод. Сар хамид. Бўйид пайроҳаро ва сайҳаи ҷонкоҳ бароварда, дасту пой зад, ҷасту хез кард; чароғпоя шуд. Дар чунин ҳолат сайҳа кашид.
Сипаҳсолор дарёфт, ки Ҷиран то хўду ҷавшани афканда расида, афзорро дида ва соҳибашро нобуда пиндошта, пуризтироб сайҳа кашид… То Ҷиран озори зиёд набинад, дилоб нагардад, андаке қомат рост кард Ортабоз. Ҷиран гўш сих карду дум афрошта зеҳн монд ва чашмаш афтид сипаҳсолорро. Диду шинохт соҳибро. Муддате қарор истод. Пасон сар афшонду сайҳаи дароз баровард, ки касеро хабари пайдо гаштани соҳибро мерасонида бошад. Пасон «Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!» садои нарми оштиву пазиройӣ бароварда, кишнаву уштулум карда, думу ёл бардошта, чунон ки сарафзор ба кўҳаи зин сахту кўтоҳ баста бошанд, гардан каҷу қат карда, қантару баноз, зону шикаста ва қадам шуморида ҷониби соҳиб омад. Бозӣ карда, кишнаву нозу карашма карда, пойҳои пасаш кашол ба чапу рост тофта, ён додаву сурину рон тофта; гўё соҳибро гоҳ бо он чашму гоҳ бо ин чашм дида пеш меомад…

пешина
аз 391
навбатӣ