Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Сипаҳсолори пурдида ба суханони ин зархариди бадкор бовар накард ва ҳарфи зиёдро бори гарон дониста, дигар чизе напурсид:
«Ту номус дошта бошӣ, зар гуфта ба муқобили ватану ватандорони худ меҷангӣ?» хулоса кард барои хеш ва сўйи Ҳамадон нигарист, ки боз чанге бархезад аз роҳ ё на? Ғубори роҳ наметофт. Патрон хомўшии сипаҳсолори пирро дида, заҳрханда кард ва асбашро ҷилав тофт.
Ортабоз, ки сар бар сари Ҷиран монда ва гардани онро оғўш карда меистод, аз дунболи сипоҳи беҳангу сарҳанг нигарон монд…
Чун сипоҳи шикастхўрда ва бозмондаву вомондаи Дорои Саввум дуртар рафт, таги дили падар аланга гирифт ва беқарор гашта, бар зини Ҷиран нишаст ва ҳайронтар шуд, ки куҷо гардонад сари асбро?
Ғуборе, ки аз зери суми асбони лашкари Доро бархосту боқӣ монд, ба пардаи тира бадал ёфт. Сипаҳсолор аз гирифториву андешаҳои зиёд пай набурд, ки чун гузашт рўз. Бехабар аз ҳоли худ низ буд: лабонаш карахшбаста, мижгон гарди роҳ бардошта ва ташнаву гурусна, шом шуд; ба ҷое нарасида, манзил нагирифта, офтоб ғурубид. Сипаҳсолор чодари сиёҳи шабро саройи хеш сохт андар биёбони бекас. Зеро чораи дигар надошт. Ва агар илоҷе дошт ва ё ҷойи рафт медонист, албатта сари асбро он сў гардонда ихтиёри роҳ ўро медод, аммо аз ноилоҷӣ бозмонд. Лигоми Ҷиран ба пой баст ва чашм пўшид, ки ҳамин замон субҳ медамад. Вале субҳ он қадар дер омад, ки баробари тамоми умраш буд. Нафаси асб сарире дошт, ки чу шалфаи бодбурда канда-канда ба гўш мерасид. Чунон ки гоҳ хобу гоҳ бедор мешунавад. Даст зада, ҷой тоза кардани Ҷиран низ чунин садо диҳад. Ба назар хобаш омад асбро.
Аммо соҳиб зину баргустувон накандааст ва шояд ба хобу ғели фарас халал расонад. Ба чашмаш хоб омада буд, ки Ҷиран бинӣ афшонд ва кишна кард; садои сарафзор баромад ва ў пиндошт касе омад. Сар бардошта нигарист ба атроф, касеро надид.
Ба хаёл рафт: «Агар писарони ман сўйи Искандар рафтаанд, барои хоҳарашон Барзин рафтаанд… На! Бовар надорам, ки онҳо ба ҷое рафта бошанд; магар шоҳ Доро бо онон коре карда бошад. Дар ин биёбони бекас аз кӣ ҷўйӣ, аз кӣ пурсӣ?»
Ин бор Ҷиран сайҳа кашид. Гиряро мемонд; дилоб. Парешон кард сипаҳсолорро. Ў аз бекасӣ ёд кунад, Ҷиран аз касе хавф кашад; соҳибро парешон гардонад. Аввал аз зери шикаму миёни пойҳои асб рў ба рў нигарист, касеро надида, ба атроф ба паси сар нигашт, сиёҳие нанмуд. Шояд ҳар кас бошад, синамол ояд, ки ў набинад. Бархест ва нигарист аз хонаи зин ба дур, ба гирдогирд; ба Осмон. Моҳ ҳола дорад, шояд ҳаво борад. Вале ситораҳо равшан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор