Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас ба ҷунбиш омад: дум ликконда ҷониби «мурда» шуд. Дуртар истода хеле афсун кард. Ба атроф нигарист, ки касе ҳаст ё на. «Макри рўбоҳонае набошад?» Аз таҷрибаи хеш андешид ва одамро ноҷунбон дида, пеш омад.
Ва чашмаш ба дашнаву шамшер афтида як қад парид. Паспас рафт… Хеле гўш чурру чашм чор нигарист ба «мурда» ва ўро беҷон пиндошта пештар омад ва аз як нўки шамшеру ғилоф газиданӣ шуда фўк ёзид, вале ҷуръат накарда, гардану тани ёзидаашро пас кашид. Чун лошахўрони тарсу як қадам дур аз ў сагона нишаст.
Дар осмон девпойи зард тор метанид. Лошахўрон низ пайдо шуда буданд. Болҳои кушодаашон ноҷунбон чун боле рўйи об гирд мегаштанду ҷувозак ва аз он баландӣ менигаристанд ба лоша.
Вале фурў намешуданд, ки шамшер дорад «мурда». Каргасе чашмони тезашро аз чашмони ў намеканд ва мақсад дошт, ки рост ба сари лоша нишинад ва нахуст чашмонашро нўл зада, бурун орад… «Лаҳзаҳо такрор мешаванд... Худоё!».
Ва чизе пуршаст ба чашми росташ зад. Ҳаросида даст бурд ба чашм ва малахеро дошт. Чашм кушода он шербасту шерчашмро дид ва сурхии зери болҳояш ва хоракҳои банди пойҳояшро аз назар гузаронида сар ҷунбонд, ки ҳама ҷонварони саҳро гирди ў ризқҷўйӣ омаданианд. Ба ҳар ҳол ин дарозпой ўро нороҳат кард.
Ҷаҳли сипаҳсолориаш гирифт ва пойҳои дарози малахро канд.
Ба ҳаво андохт: «Акнун бупар!» Бол бароварду парвоз кард ва дур нарафта ба шикам зад ва сарокалла рафт. Чанд бор ҳаракати парвоз кард, натавонист. Аз пойҳои кандаи малах маънӣ гирифту ибрат ва ба пой шуд. Чашм чаронд ба атроф. Хаёл бурдаш ба умр ва роҳи рафтаву сипарда.
Рўбоҳи мурдахоҳ аз ҷунбиши «мурда» хўсида гурехт.
Дар ҳаво паррандае пар намезад.
Ў танҳо, рўбоҳ танҳо, малах танҳо: «Чаро пойҳои ўро кандам?
Ҳаааа… Намекандам, дунёро сарфаҳм намерафтам…»

БАНДИ ДАҲУМ

Лаълии зарини бузург рў ба қиём дошт. Сипаҳсолори пирро хеле тафсонда буд: аз сару рўй, гардану сари сина, таги каш ва миёни пойҳояш арақ мешорид. Оҳанрағзаи ҷавшанӣ тафсида нороҳаташ карда буд. Вале хешро чолок ва рўҳан сабук дарёфт, ки ҳама хастагиҳо рафъ гашта. Аммо хуши ҷунбидан надошт.
Гўйӣ ҳеҷ гоҳ, бавижа дар солҳои пасин чунин роҳат накарда буд.
Оҳи шукрона кашид, нафаси дароз баровард. Арақи пешониро каф зад ва хайи гардану занахдонро пушти даст пок кард. Ором буд. Нахоста, ки чунин осудагӣ вайрон гардад; андешае дар сар надошта бошад… Аммо нашуд… Якбора мағзи сараш хотираҳоро рўгардон карданд.

пешина
аз 391
навбатӣ