Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз тохтутозу пархошҳову куштану сўхтан ва вайрон кардану бурданҳо ёдаш омад: «Худованд ҳеҷ амалро бе подошу кайфар нахоҳад монд. Беҳуда мизон наофарида.» Худ аз худ дар сараш чунин андешаҳо омад ва кардаҳои хешро низ хаёлан андар ду кафи тарозу гузошт: корҳое, ки Эронро кард, гаронтар омад аз ҳама кирдорҳои носавобаш. Табассум дамид дар лабонаш. Рўҳ гирифт. Ҷон даровард. «Бояд баргашт» ҳамин қадар гуфт ба худ. Ҳам хоҳиш буд, ҳам амр буд, ҳам меҳр буд, ҳам ватанхоҳӣ буд. Ҷуз худаш ин нияти кўтоҳ ифода шударо касе шарҳ дода натавонад. Дунёро фаромўш кард. Кинаҳо рафъ шуданд.
Бадии писар дар ёд намонд: «Ин гурбаи зардро беҳуда бехосият гўянд… Ҷуз рўйи ў рўйи касеро надидаам… Фараҳ овард ба дилам.
Беҳуда афкандам кулаҳхўду ҷавшанро… ба кор ояд… Эронро хидмат хоҳад кард… пири пир наям… писаронам хидмат хоҳанд кард… Ай Аҳура Маздои тавоно! Эронро нигаҳ дор! Оламро поктар аз Суғду Порс кишваре нест! Ту донӣ, ай худованд, ки чанд бор Эрони муқаддасро ҷон додам ва ту ҷони маро бозгардонидӣ, то аз барои кишварам, модарам дубора ҷонбозиҳо кунам…
вале чаро фарзанди ман рўй аз Эрон гардонад? Ҳол он ки ў буд Эронхудод… ҳама ўро бовар доштанд… ва имрўз гўш ба ҳарфи кадом бохтарӣ диҳад ва рўй аз модар гардонад. Ё шарм дорад аз кирдораш? Аз нотавониаш? Аз ноўҳдабароиаш, ки кишварро ҳифзу ҳимоя карда натавонист? Шояд аз нангу номус ба чашми порсҳо нигашта натавонад ва рў пинҳон кунад? Ай Худованд, ту дониву ман: гумонам чунин бошад. Писарони сипаҳсолори Ортабоз бенанг, беор, беномус набошанд… шири поку ҳалол хўрдаанд…
нахоҳам, ки нону намаки Эрон кўрашон кунад! Маро баргардон пеши ў, ўро баргардон пеши ман. Ў писари ман, ман падари ў…
ҷудойӣ нашояд… Агар Эрон набуд, меҳри Порс набуд; нангу номус набуд; то Юнон, то Мақдуниё, то Миср, то Бобул нарафта будам… Пўзиш аз ту! Кашоварз гўяд: «Ними нон – роҳати ҷон» ва назди зану фарзанд бароҳат хусбад… Аммо мо ҷанговарон роҳати онҳоро низ халал бахшем. Киштаҳояшро помол кунем; ҷуфти говаш бубарем; хонааш оташ занем… Пўзиш аз ту, Аҳура Маздои доно! Киро ранҷонд ў, киро нороҳат кард ў, киро бадӣ хост, киро кушт, чиро бурд, куҷоро сўхт… фарқе надорад барои размгар.
Одамӣ – дарранда; даррандае, ки дидаву дониста, аз рўйи ақлу ҳуш рафтор кунад; мизону баркашаш пешакӣ бошад… Ай Худо! Чаро майдон офаридӣ, чаро асб офаридӣ, чаро лашкар офаридӣ, чаро шамшер офаридӣ ва ҳама гуна афзори куштор… ва бузургтарин силоҳи қатлу ғорат Нафсро офаридӣ? …Ай Худованд! Дар пархошҳо ва талошҳо донистам, ки бузургтар аз Нафс силоҳе нест дар куштору сўхтор… Одамиро ду нафс било сарафзор додӣ; нафси таку боло; ва акнун касе онро нўхтаву инон зада натавонад. Нафс бубарад чун шайтон; Нафс бардорад ба Осмон, Нафс занад ба замин; Нафс андозад ба об, ба оташ, ба чоҳ, буруни девор, буруни кишвар, буруни инсонҳо, буруни эътибор; буруни рўзгор ва созад шармандаи ду олам…

пешина
аз 391
навбатӣ