Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оне ў ҳама чизро фаромўш карда, чашмбаракон дошт бо рўбоҳ. Магар тезии чашми ҳайвон зўрӣ кард, ки одам миҷа зад ва рўбоҳ аз чунин ҳаракати ҳайкали сокит як қад парида пас гашт ва чанде рафта, истод, гардан тофта ба пас нигарист. Ўро як зайл ноҷунбон дида, ҳайрон шуд, ки он дупойи сахттарин душмани чорпоён тарс надиҳадаш, тир назанад, душмание накунад.
Вале рўбоҳ рамид: ҳо аз он боло саворе гузашт, ки як асби бесаворро ҷилав мекашид, вале аз он баландӣ чашмаш наафтид ба пастӣ; табиӣ бувад: ҳеҷ болонишин набинад пастнишинро. Ў маҳмезу пошна зада, сарафзор меафшонд чаҳорпойро, то зудтар бирасад ба манзил, вале асби бесавор фўк пеш ёзида, гардан дароз дошта, майли рафтан надошт ва савор рў ба пас оварда бо шиддат «Чу!» мегуфт, то саркашӣ накунад ҳайвон. Аммо ҳайвон аз нафаси ў дармеёфт, ки ба пас ҳидояташ мекунад ва сарафзорро тарангтар мекашад.
«Маро…» асби бесаворро дар назар дошта гуфт ба худ сипаҳсолор, вале на асбро шинохт ва на саворро. «Раҳгузаре…» Тасаллӣ дод хешро ва сар фурўтар кашид, то набинадаш.
Савор асби бесаворро ҷилав кашида аз обканд гузашт. Тозиёна мезад, то асби зери ронаш тез гардад. Асби зераш тез ҳаракат дошт, аммо асби бесавор вазн меандохт ва майли рафтан надошт.
«Чу!» рў ба пас оварда сарзаниш мекард ва баъзан ситоиш ва зорӣ: «Чу-е ҷонвар!» Рафт-рафту аз назар дур шуд ва сипаҳсолор аз пастии обканд ўро надид…
Ва чашм сўйи рўбоҳ бурд, ки низ ғайб зада буд. Фоли бад донист: «Рўбоҳро дучор ойӣ, корат барор накунад. Гургро дидан хуб бувад дар сафар…» Ва майли хестан кард. Пойҳояш фараву мадор надоштанд. Хеле гашта, рагу паяш нарму кушода шуда буд; ҳолиё шаху карахт гашта, мекашад рагу пайҳо. Иллаташ: як умр савора гашта, аз бўю хўйи пиёдагардӣ баромадан бошад. Вагарна сарбоз дар ҳеҷ ҳолат набояд афзори ҷангӣ афканад. Ва ҳоло бе хўду бе ҷавшан нимбисмилеро монад ва чун марди ноумед зиндагиро нафрин хонад. «Дар олам дигар касб набуд, ки ҷанговар шудӣ?
Одамкушӣ омўхтӣ? Ҳунар бояд омўхта будӣ. Магар надониста будӣ, ки маънии ҷанг харобист: куштану сўхтану вайрон кардан…
ва ҳазорон маънии зишту бад ва нохубу манфиатҷўйиҳои зиёде низ дорад, ки ҳама бо ранги бади аҳриманӣ – сиёҳӣ андуда бошад.
Накўби дареро, накўбанд даратро!»
Аз бехобӣ ва андешаи зиёд он қадар хастаҳол гашта буд, ки сари санг нишаста натавониста, чун ҷуволи холӣ шорида буни санг шуд ва дарёзид ба тахтапушт. Эҳсос ҳам накард, ки сангчол озораш диҳад; хору хас халад ба тани тирногузараш. «Агар маро ҷўяд, хоҳад баргашт.» Харпанҷа зери сар, рўй ба осмон аз дил гузаронд. Ва як бор нигарист ба Хуршеди баланд. Нури он чашмашро бурд. Чашм пўшид ва ҳамон зайл рўбоҳи зард андаруни чашмонаш монд.

пешина
аз 391
навбатӣ