Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

вале кам намуд… Аммо насиб накард. Боз кишварҳо соҳибони ҳақиқии хешро пайдо карданд.
Ҳолиё Искандари гурусначашм ба баҳонаи интиқом оламгир шуданист. Юнонро гирифт, Осиёи Хурдро гирифт, Мисрро гирифт, Порсро гирифт… Рў ба Бохтару Суғд дорад… «Эй Одам, то куҷо тозӣ?! Оқибат хоҳӣ баргашт! Осема мабош!!!»
Касе сурфида омад. Садои сурфааш ба сурфаи Ориёбарзан ҳам монанд ва ҳам номонанд. Вале Ортабоз ханҷар дар даст омода ба гуфтор аст. Чун дар торикӣ пардаи сароро якбара карда сархам дарояд, якбора ханҷар хоҳад зад ва ҳамон замон, ки барои ҷону хун набаромадан даст ба захм бурд, сараш хоҳад гирифт ва бар зини Ҷиран нишаста чунон ки омада буд, чаҳорнаъл сўйи Ҳамадон хоҳад рафт…
«Сипаҳсолор, хобед?»
Овози Ориёбарзан на. Каси дигар. Ў суст шуд. Ларза ба дасту пояш даромад, ки рагу паяш хеле тарангу кашида гашта буд, якбора суст шуд. Дашна ба дасти чап гирифт, ки гар омада даст ба салом дароз кунад, дасташ холӣ бошад.
«Хобед, сипаҳсолор?»
— На-а-а… Кистӣ?
— Аз навкарони Бесус. Омадам, гўям, ки Ориёбарзан имшаб наояд… Шумо фароғат бикунед!
Дашна аз дасти падар афтид:
— Бигўй, ки ояд… Наояд, хоҳам баргашт ба Модай!
— Чашм! – гуфт ва сари ба пардасарой халидаашро бозкашид ва бирафт.
Ортабоз аз паси ў ангушт мушт кард ва ларзид. Аз дил гузаронд: «Хоҳад омад. «Куҷо равӣ? Чаро равӣ?» – гўён хоҳад омад.»
Ва нигарон шуд то рўз. Ҳазор бор бо ҳазор ранг писарро кушт хаёлан, бо ҳазор ҳилаву найранг ва мақом сараш бурд ба Доро.
Писарони дигарро озод кард. Худ боз дар пирӣ сипаҳсолор шуд ва боз ҳамроҳи шоҳаншоҳ тохту кушту сўхту бурд ва аз пайи Бесус афтод. Ба писаронаш Қофу Аршак фармуд, Бесусро пайдо карда пўст кананд зинда ба зинда ва пеши назари ў сўзанд….

БАНДИ НЎҲУМ

Ситораи Корвонкуш баромад, ситораи Корвонкаш низ. Ҳанўз дар чашми Ортабоз хоб набуд. Агар дар ҷанги Искандар сар кафонда ин қадар нақша кашида буд, аз буду нобуд пур андешида буд, то ин дараҷа ғазаб карда, хашм гирифта ва бо душман ситезида, пирўз омада буд. Афсўс, ки он замон сарам-дилам пархош кард, пиндошт, ки сипоҳи Порс сипоҳест дар аҳди шоҳони гузашта.
Ҳолиё низ дар ҷанги пинҳонии писар дудила бувад: «Кушам ё накушам?»

пешина
аз 391
навбатӣ