Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо аз ғазаб ва фикри зиёд сиёҳ гашта, моҳии дар офтоб хушконидаро монад. «Хиёнаткор бувад писари ман! Хиёнат ба Эрон кард! Бояд кушт!» дамид худ ба худ. Нагунҷид андар сарой. Аз тири амудшакли он дошта биларзонд… Садои сурфа омад. Пиндорад аз ларзониданаш сароро садо омад. Бодиққат гўш дод. Шарфаи пой буд. Наздик ба саропарда омад.
«Ориё?»
«Бале!»
Осема гашт падар, ки то ин дам дашна қабза карда медошт, баъди хабари он ки Ориёбарзан наояд имшаб, дашна аз қаҳр канор андохт, ҳолиё дар торикӣ наёбад. Ва тўл диҳад бо ҳар баҳона, то зери пой ё паҳлў пайдо гардад дашна.
— Куҷоҳо гардӣ? – баробари ба даҳлези саро ворид гаштан пурсид падар.
— Гуфтам, ки куҷо равам…
— Ё айш доштӣ ҳамроҳи Бесус?
— Чӣ гуна айш?
— Он ки садо меояд, садои мусиқӣ… гўш бидеҳ…
— На, садое нест…
— Меояд, меояд… Ба гумонам, имшаб шаби базматон буд ва ман беҳуда омадам…
— Ҳеҷ базме набувад, падар.
— Пас маро гузошта, куҷо шудӣ?
— Гуфтам, ки ба маслаҳат равам…
— Гуфтам, ки туро гуфта омадам…
— На падар, на маро гуфта, аз барои сари ман омадед!
— Туро касе бад гуфта ва ё дил сард карда аз ман! Сари туро чӣ зарурате?
— Фикр накардаед, ки шоҳ Доро миёни обу оташ монда: аз он сў Искандар, аз ин сў Бесус… Бесус чунон хашм гирифта, ки Искандарро сар фарорад, Дороро на!
Ортабоз ноилоҷ будани корро дарёфта фармуд:
— Агар чунин андеша дорӣ, баргардам. Бародаронатро гўям, Ориёбарзан аз баҳри падар ва бародарон баромада.
— Бесус аз нияти шумо огоҳ бувад. Аз миёни сарбозон бурун рафта натавонед.
Ортабоз сар андохт. Вале ботинаш ҷўшу хурўш дошт. Чун ноилоҷ монд, ҳамчун падар зуъм кард ва ноз, ки писар шояд нозашро бардорад. Оҳиста аз роғи дарпарда бурун нигарист; пардаи сиёҳи шаб хокистарӣ метофт. Ў гумон кард, ки сиёҳӣ равад аз миён ва ранги дигар иваз кунад онро. «Танҳо дар ин маврид сиёҳ сапед гардад…»
Ходимҳо хони неъмат оварданд ба пардасаро. Падар надонист субҳонаи писар аст ва ё меҳмонона. Ҳар гуна бошад ҳам, падар даст ба дастархон набурд.

пешина
аз 391
навбатӣ