Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Бояд нафрат карду ғазаб, шўриду ситезид, то бар раҳму шафқат ва одамгарӣ пирўз бошӣ…
Бигузашт аз назди чодар он кас. Қабзаи дашнаро сахттар пахш кард сипаҳсолор ва омода гашт ба зарба. Аммо он кас сар ба саройи ў назад. Мадори дасту пойи падар сусттар шуд ва зўри рост истодан накард. Ханҷар бар бўрё зад ва бознишаст бар мафраш. Арақ шорид зери ҷавшан. Кулаҳхўдаш гарон омад ба сар. Баргирифту пеши зону ниҳод ва зери нури моҳу ситораҳо, ки аз дарпарда ворид буд. Кулаҳхўд сари буридаро мемонд: «Сари Ориёбарзан пури Ортабоз чунин тобад рўзе…» Ҳаммонанд сари ўро падар пеши назар гузорад; сўгворӣ кунад; ба оби дида шўяд он сари хунинро ва бипурсад аз Худо: «Барои чӣ?… Барои кӣ?» Шояд он гоҳ пушаймон гардад: «На! Онҳо ду саранд, ин як сар… Онҳо хиёнат накардаанд, ин хиёнат кард: падарро гузошту рафт, бародаронро гузошту рафт; шоҳрову ватанро низ… Касонеро гўш дод, ки ҷойи шоҳаншоҳро гирифтан доранд. Ошкорову рўйирост гуфтанд низ: «Тахт Бесусро гузор… муваққатан…» Кӣ розӣ шавад ин корро? Ҳатто шоҳе, ки охирин нафас аз зиндагӣ гирад, розӣ нагардад бо чунин маслаҳат. Касе ҷойи гарм дидан нахоҳад сарм. Ҳатто сарбозе, сарфавҷе ё сарҳанге… Ҳол он ки Доро шоҳ бувад…»
Айёме буд, ки шабурўз баробар гашта. Аммо шаб ба назари Ортабоз дароз тофт. Наомадани Ориёбарзан ин шабро дароз кард.
Дар шаби сиёҳ пардаҳои чашми падар сапед гашт. Гўиё Бесус нагузошт ўро омадан. Қабзаи ханҷар аз даст раҳо накарда буд.
Сангдил гашта, раҳме ба одамкушӣ надорад, ҳатто ба писаркушӣ.
Ў чун сипаҳсолор бисёр душманонро кушта андар набарду ошўбҳо; душманкушӣ осонтар аз гунҷишккушӣ. Дилаш ба мурдаи одамӣ насўзад, ашкаш наояд; гўё ба ҷойи дил санг ё порае яхро бардошта гардад… Ориёбарзан низ яке аз он куштаҳо шавад… Гирд гардад андар саройи танг чун асби ба ҷувоз баста ва як чашмашро бо матоъи сиёҳ пўшида. Дилаш ба танг ояд аз фазои танг. На аз дар, бал пардаи сароро чок карда бурун рафтанист, то хашмаш фурў равад. Ханҷар кашид, гўё синаи сипарро чок кард. Инак биравад ва Дорои Саввумро гўяд, ки «куштам писарро!»
«На! Ў сар талаб кунад; сари Ориёбарзанро… Ҳатто ба ҷойи сари ў сари дигареро бурда нашавад, зеро шоҳ хуб шиносад Ориёбарзанро…»
Пардаи саро надарид, ки дар торикиҳо низ ҳеҷ чиз пинҳон намонад аз чашми Худованд. Худои бузург ресмони одамиро раҳо кунад ва рафтору гуфтору кирдори ўро тамошо, ки то куҷо ва чӣ гуна барад танобро. Оё фикри истодан дорад ё на? Дар бехудиҳо Худои хеш шиносад ё на? Агар инсон аз роҳи бад барнагашт ва Худои хешро фаромўш кард, танобро хоҳад кашид… Ортабозро низ чун шоҳон таноби дароз бахшид: ҳамроҳи Хишоёршоҳ то Юнон рафту кушту сўхту ғорат кард; андар тасарруфи Миср ширкат варзид…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор