Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандари тундхўро идомаи сухани ў лозим набуд. Шоҳ ҳамаро хуб дарёфта буд ва бояд адаби ин дўсти бемулоҳизаро бидиҳад. Ба чап гашту ба рост, то шамшерашро пайдо кунад. Пайдо накард, зеро бар мафраши хонаи хоб зада буд. Ғайри ин, чун вақтҳои охир феълу хўйи шоҳро ба бадӣ дониста буданд, гоҳи ба маҷлиси бода даромадани шоҳ силоҳдор шамшери ўро мерабуд ва дар ҷое пинҳон мекард. Ҳолиё чун Искандар шамшер наёфт, аз сари дўстони бодагусор ҷаҳид сўйи дар ва найзаи нигаҳбони дарро рабуд ва бо зарбаи зиёд ба шиками он марди ростгў ва дилсўз фурў дод… Ва рў ба дигарон овард: «Бинўшед… Бинўшед!!!
Бинўшед!!! Айши ман мунағғас шуд, шумо бинўшед!!!»
Вале касе чизе нанўшид. Танҳо садои ҷомҳо ва паймонаҳо ва соғару қадаҳҳо меомад, ки бар фарш бархўрда мешикастанд. Ба ҷойи шароб аз чашмони дўстон ашк шорид. Искандар сар хам кард ва зери чашм ба дўсташ, ки дудаста дастаи найзаро дошта бо марг мубориза бурдан мехост, нигарист; нигоҳи сахту пурнафрати ўро дида, тоқат карда натавонист ва сўйи хобгоҳ шитофт.
Ҳама мурдаҳо як сў буданд ва ин мурдаи аламангез дигар сў, ки аз сухани ҳақ рўйида буд. Искандар, ки дурўғро рост мепиндошт ва ба хушомаду тамаллуқ одат карда буд, сухани дурусту дилсўзонаи Никонори дуввум сахт расидаш ва пиндошт, ки дар ин боб Барзину Никонор якқавлаанд. Хун зад ба сараш ва натавонист оне мулоҳиза бикунад. Вале чун ба шабистон омад, ҳушёр гашту хештанро танҳо дид, аз карда пушаймон шуд. На дар хона мегунҷид ва на андар бистар. Борҳо рўйи бистар дарёзид, то хобаш бубарад ва ҳамаро фаромўш бикунад, симои маъсуми Никонор пеши назараш омад ва нагузорид, то бароҳат бошад.
Майли дидори Барзин кард. Ўро пазмон шуд дар ин муддати кўтоҳ; ҳамзамон нафрин низ дошт, ки бо Никонор якқавлаанд, зеро суханашон якранга баромад; маслиҳат кардагӣ барин. Ҳолиё Барзинро барои ҳамин диданӣ буд, то пурсаду бидонад…
«Барзин!» – садо кард беихтиёр ва аз садои баланди хеш ҳушёртар шуд. Сарпос омад ба дар ва хидмати хеш овард пеш:
«Бифармоянд шоҳам!»
«Ту, ки Барзин нестӣ!»
Сарпос дарро бипўшид ва аз пайи пайдо кардани Барзин шуд; ўро миёни канизакон дарёфт, ки модари худро меҷуст.
Искандар ба худ мепечид: «Чӣ коре буд, ки кардам? Беҳтарин ва смимитарин дўстро куштам. Баъд аз ин кӣ бовар кунад ба ман?
Ва беҳуда Барзинро ранҷонидам. Агар онҳо ҳамфикр буданд, ман гуноҳе надорам; гар на, ман гунаҳгорам… Ай Зевси тавоно, бубахш маро; Ай Худои Аммон, пўзиш аз ту!» Баъд аз ин Искандар сар андохт ва пушаймонӣ дошт: модараш Олипиадаро ёд овард; модари асираи Доро низ ба хотираш зад, вале ноилоҷ буд шоҳ ба илоҷ кардан.

пешина
аз 391
навбатӣ