Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд аввалин пушаймонии Искандар буд; зеро бисёр кушта ва зиёд мурда дида, аммо боре пушаймон нагашта. Бо азоб ва беҳуда мурдани Никонор ва нафратбор ба шоҳ нигаристани ў Искандарро сахт ба ташвиш овард.
Шоҳи ҷавон гирифтор ва банди андешаҳо шуд; надонист чӣ бикунад. Агар то ин замон ба каскушии хеш меболид, ҳолиё нафрин мекард: «Арасту дуруст фармуда, ки аз ҷанг муҳимтар ва волотар коре ҳаст.» Дар пўсти хеш намегунҷид. Мушт бар девор зад. Такя бар девору пештахтаи тиреза дод; нигарист ба берун.
Касе наметофт.
Хираву тира; гўиё баробари Никонор ҳама машъалҳо мурданд. Саҳни диж биёбони бекасу ваҳмангезро монад. Нороҳат шуд Искандар. Тоқат карда натавонист. Бадар рафт. Дуртар аз дар найзадор найзаи хунолуди аз шиками Никонор кашидаашро тоза мекард. На барои он ки дигар найза надорад, барои он ки Искандар бо ин найза кас кушт; аз нигоҳи ў табаррук аст. Шоҳ зери шўълаи хираи шамъи токдони девор найзадор ва рафтори ўро дида тааҷҷуб кард:
— Кистӣ?
— Найзадор!
— Найзадор? Бо ҳамин найза… А? Бо ҳамин найза?
Найзадор мазмуни суоли шоҳро нафаҳмид; кори найзаромедонист; шояд шоҳ ишора ба ин чиз дошта бошад? Мабод ки кушро ба сари найзадор бор кунад.
— Ту чаро хомўшӣ, нобакор!... А? Бо ҳамин найза?
— Бале шоҳ, бо ҳамин найза…
— … кушта шуд? Никонор? А?! Ту чаро посух нагўйӣ, нобакор?
— Бале, шоҳ, бо ҳамин найза кушта шуд Никонор.
— Кӣ кушт?
— Кӣ кушт? Ман надидам, ки кӣ кушт…
— Найза дар дасти туст! Хунашро мелесӣ; ва надонӣ, ки кӣ кушт?!
— Ба ростӣ, надонам, шоҳ…
— Ман куштам… – Хомўшӣ ба миён омад ва найзадор чизе нафаҳмида, найза дар даст пас-пас рафт.
— На, шоҳ! Ман куштам…
— Ман куштам!
— На, шоҳ! Ман куштам…
— Ман куштам!
— Охир, шумо шоҳед. Ҳеҷ шоҳ одам накушад. Шоҳ ҷаллод дорад… Ман ҷаллоди шоҳ…
— Агар иқрор мекунӣ, найзаро бар шат андоз ва хешро аз пайи он. Бирав!

пешина
аз 391
навбатӣ