Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Агар чунин аст, чаро маро бозгардонӣ аз роҳ?
— Ман туро аз роҳ бознагардонам, Искандар, аз роҳи ҷанг баргардонам. Ин роҳ душвортарин ва бадтарин роҳ бувад.
— На, ҳадаф ин нест. Асроре ҳаст. Бигўй, чӣ донӣ?
— Агар хоҳӣ, гўямат.
— Бигўй!
— Аз ҳамватанони хеш эҳтиёт бош.
— Аз ҳамватанони худам? Аз мақдуниён?
— Оре, аз мақдуниён.
— Чаро?
— Чун оини мисриён пазируфтӣ: фиръавни Миср шудӣ; хешро писари худои Аммон эълон доштӣ, мақдуниён аз ту ранҷиданд, ки Искандар худои хеш фаромўш кард; аз баҳри падари хунии худ Файлақуси Дуввум гузашт.
Дар андаруни Искандар чизе ҷўшид ва ўро дамонду бардошт; хунашро тезонду ба ғалаён овард. Ҳушаш низ рафт. Чашмонаш ноҷо гаштанд. Барзин дарёфт, ки Искандар шамшер ҷўяд. Зуд бадар рафт. Зеро феълу хўйи шоҳи мақдуниро хуб медонист. Искандар шамшер гирифт, ба фарш зад; гўйӣ аз қолии сурхи эронӣ хун таровид. Ва ба худ омада шукр гузошт, ки чун пури Куруш Камбуҷиё шамшер ба пой назад. Афканд шамшер ва бадар рафт.
Андар толори айш касе набуд. Чун шоҳ даромад, фурсати зиёд нагузашта, дўстон омаданд ва дар андаке вақт маҷлиси бода барпо гашт. Вале ёрон ва дўстон диданд, ки шоҳи ҷавон димоғсўхта; паёпай бода менўшад.
— Ман кӣ ҳастам мақдуниёнро?! Ман кӣ бошам эрониёнро?!
Дастур дод барои сўҳбат. Вале касе ҷуръат надошт чизе бигўяд. Муддатҳо баъд, чун Искандарро нигарони посух диданд, аз ҳар сў садоҳо омад:
«Мақдуниёнро шоҳӣ!»
«Мисриёнро писархудо!»
«Эрониёнро домод!»
Искандар сар боло кард, вале надонист, ки сухан аз даҳони кӣ омад.
Ин замон яке аз дўстони нозғунҷи шоҳ Искандар пеш омад ва паймона бозӣ доронда, ҷониби ў гуфт: «Искандаро! Магар фаромўш кардайӣ, ки пури Филипп ва подшоҳи Мақдуниё ҳастӣ!
Агар аз ёд додайӣ, бидон: касоне, ки дар ин маҷлис ҳузур доранд, борҳо барои барори кори ту ҷон сипар кардаанд!»
Искандар чашм танг кард ва оне мулоҳиза дошт, ки ин «дўст»
чӣ гўяд. Пасон гуфтаи завҷааш Барзинро ёд овард ва муқоиса кард, чӣ ҳамоҳангие дорад суханони эшон.
— Чӣ фармудӣ? Такрор бикун!
Никонори дуввум, дўсти бағоят самимӣ пурси Искандарро рост пиндошт ва гуфт: «Мақдуниён ҷон ба ҷони ту гузоранд, дўстам; туро дар ҳама ҷо ҳифзу ҳимоя кунанд, аммо ту қадри ононро надонӣ…»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо