Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа
– Агар модарамро пайдо мекардам, ҳатман ба шумо хӯрок медодам.
– Пас биё, модаратро пайдо мекунем, – гуфт Биси. – Биё ба сӯйи ҳамон ошхона меравем, шояд модаратро пайдо кунем.
– Майлаш, ҳамакаса модарро пайдо мекунем! – бо як овоз дод заданд онҳо.
Писарбача ошхонаро аз дур дид, шодикунон дод зада гуфт:
– Ана... ошхонаро пайдо кардем!
Писарбача дари ошхонаро боз карда дид, ки модараш бо чашмони гирён дар паси як миз нишастааст.
– Оча-а-а!... – гӯён дод зад.
Модар бо ин ки писарашро дид, аз ҷой парид. Давида, вайро ба оғӯш кашид ва аз сару рӯйи ӯ бӯсиду гуфт:
– Ин бор агар гурехтӣ, гӯшҳоятро мебурам!
– Майлаш, очаҷон дигар ҳеҷ вақт намегурезам...
Гурбачаҳо дар берун мунтазири писарбача буданд.
– Очаҷон, мехоҳам, ки туро бо дӯстони навам ошно кунам. Як дақиқа бо ҳамроҳи ман ба берун бароед.
Онҳо ба берун баромаданд.
– Канӣ дӯстонат?
Писарбача гурбачаҳоро ба модараш нишон дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё