Зеҳн
Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа

АфсонаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

писарбача бо чашмони гирён гурбачаҳоро ба наздаш даъват карда, пурсид:

– Шумо мисли ман модаратонро гум кардаед?

– Бале, модари мо аллакай аз дунё гузаштааст, – нороҳат шуда гуфтанд гурбачаҳо. – Ту чӣ тавр модаратро гум кардӣ?

– Бо ҳамроҳи модарам ба сайругашт баромадем. Дар роҳ ошхонаро дида, домани куртаи модарамро тарафам кашида гуфтам, ки очаҷон, биё дар ҳамин ошхонаи рӯ ба рӯямон даромада хӯрок хӯрем.

– Не, ана дидӣ, – ба сӯйи истгоҳ нишон дод, – автобусамон омада истодааст, ба хонаамон меравем.

– Не...не... намеравам, – гуфтам, вале модарам маро ба зӯрӣ ба автобус даровард. Ҳамин ки автобус дар истгоҳи дигар дарҳояш боз кард, ба берун баромада, ба сӯйи истгоҳи аввал давидам. Модарам каме аз пуштам давид, аммо маро дарёб накард. Баъд ба ҳамин тангкӯча даромада, пинҳон шудам. Чанд соат аз мобайн гузашт. Пушаймон шуда хостам, ки баргардам, вале модарам дар гирду атроф намуддор набуд.

– Вай-вай, ту агар ба суханони модарат гӯш медодӣ, гум намешудӣ! – таъкид карда, гуфт Биси.

– Шумо айни ҳол ба куҷо рафта истодаед? – пурсид писарбача.

– Мо ба ҷое рафтанием, ки шикамамонро сер кунем.

пешина
аз 25
навбатӣ