Зеҳн
Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа

АфсонаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ДӮСТОНИ НАВ
(Афсона)

Буд - набуд, дар як ҳавличае се гурбача зиндагӣ мекарданд. Онҳо як писару ду духтар буданд. Номи писар Биси, номи ду гурбачаи духтар Зиси ва Миси буд. Падари гурбачаҳо пеш аз ба дунё омадани духтараконаш бо гурбаи ҳамсоя фирор кард ва Бисию модари ҳомилаашро танҳо гузошт. Модарашон баъди таваллуди ду гурбача аз дунё гузашт ва гурбачаҳои хурдро ба бародарашон амонат гузошт.

Рӯзе гурбачаҳо сахт гурусна монданд. Бародарашон тасмим гирифт, ки ягон хӯроке ёфта, ба Зиси ва Миси диҳад.

– Андаке тоқат кунед, ман рафта хӯрок меорам, – ба хоҳаронаш гуфт Биси.

– Ногаҳон саг пайдо шавад, мо метарсем, – гуфтанд Зиси ва Миси.

Биси дар ташвиш афтод.

– Хайр... ман шуморо бо худ мебарам.

– Акаҷон, мо хӯрокро аз куҷо меёбем? – пурсид Зиси.

– Аз як ҷое, ки модарам хӯрокро пайдо карда, барои мо меовард. Дар як тангкӯчаи поёни биноҳои баландошиёна гурбачаҳо бо писарбачае вохӯрданд. Сару рӯйи писарбача ифлос буд. Биси хоҳарони худро ба пушташ пинҳон кард. Ӯ хаёл кард, ки вай бача беодоб аст ва онҳоро бо санг мезанад. Баръакс,

пешина
аз 25
навбатӣ