Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
низ масъалаи эшон пазируфта, бо эшон ба бозӣ машғул шуд. Бар ӯ ғалаба карданд ва ба ӯ гуфтанд:
– Яке аз ду кор бикун: ё дарёро бинӯш ва ё аз ҳамаи моли хештан берун шав.
Бозаргон як рӯз муҳлат хоста, бархост ва маҳзуну андӯҳнок сар андар гиребони фикрат ҳамерафт, ки бо аҷуз мулоқот кард. Аҷуз чун андӯҳу фикрати ӯ бидид, ба ӯ гуфт:
– Гумон дорам, ки мардумони ин шаҳр туро фиреб додаанд ва ба ту чира гаштаанд, ки туро андӯҳнок ҳамебинам.
Бозаргон тамомати моҷарои хеш ба аҷуз баён кард. Аҷуз ба ӯ гуфт:
– Кист, ки сандал аз ту бад-ин сон бурда, ки дар шаҳри мо сандал ратле¹ ба даҳ динор аст, валекин ман туро чизе биёмӯзам ва умедворам, ки халоси ту дар он бошад ва он ин аст, ки ба фалон хона рав, ки дар он ҷо шайхест нобино ва ӯ солхӯрдаву доност ва шиносоии тамом ба корҳо дорад ва мардумон дар назди ӯ ҳозир гашта, корҳои хештан аз ӯ суол кунанд. Ӯ ҳар касро ба чизе, ки салоҳи ӯ дар он бошад, ишорат кунад, аз он ки ӯ ҳамаи фунуни макру хадиъатро² нек донад ва ӯ сари айёрон аст. Ҳар шаб айёрон дар назди ӯ ҷамъ оянд. Ту бад-он макон рафта, худро аз хасмони худ пӯшида дор, чунонки туро набинанд ва ту овози эшон бишнавӣ, ки чун пири нобино салоҳ аз фасод бинамояд ва ғолибу мағлубро бигӯяд, шояд ту аз ӯ сухане бишнавӣ, ки туро аз хасмони ту халос кунад.
Бозаргон аз назди аҷуз бозгашта, бад-он макон ки аҷуз гуфта буд, равон шуд ва дар он ҷо ба шайхи нобино наздиктар нишаста, худро пӯшида дошт ва соате нарафта буд, ки ҷамоате назди шайх омада, ӯро салом доданд ва дар паҳлӯи ӯ бинишастанд. Бозаргон
1 Ратл – воҳиди вазн, баробари 449,26 грамм.
2 Хадиъат – фиреб, ҳиллаву найранг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё