Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

бад-эшон назар карда, чаҳор тан хасмҳои худро дар миёни он ҷамоат бидид. Пас, шайх аз барои эшон хӯрдани оварда, бихӯрданд. Он гоҳ ҳозирон рӯ ба шайх карда, як-як моҷарои рӯзро баён мекарданд. Дар он ҳол марде, ки сандал харида буд, пеш омада, ба шайх бинамуд, ки сандалеро арзон харидаам ва дар миёни мо байъу широ бад-ин гуна гузашта, ки як соъ аз ҳар чизе, ки бойеъ1 бихоҳад, биситонад.

Шайхи нобино гуфт, ки:
– Хасми ту бар ту ғолиб аст.

Он мард гуфт:
– Чӣ гуна маро ғалаба кунад?

Шайх гуфт:
– Агар аз ту як соъ зару сим бихоҳад, хоҳӣ дод ё на?

Он мард гуфт:
– Медиҳам ва суд ҳам мебарам.

Шайх гуфт:
– Агар бигӯяд, ки як соъ кайкҳои нару мода аз ту мехоҳам, дар ҷавоб чӣ хоҳӣ гуфт?

Он мард донист, ки мағлуб хоҳад шуд. Он гоҳ аъвар пеш омада, гуфт:
– Эй шайх, имрӯз марде дидам ғариб, ба ӯ даровехта гуфтам: Як чашми маро ту талаф кардай. Даст аз ӯ барнадоштам, то ин ки аз ӯ зомин гирифтам, ки боз гардаду маро розӣ кунад ва дияти чашми ман бидиҳад.

Шайх ба ӯ гуфт:
– Агар он марди ғариб бихоҳад, ҳаройина туро ғалаба кунад.

Он мард гуфт:
– Айюшашшайх, чӣ гуна ғалаба тавонад кард?

Шайх гуфт:
– Ӯ бо ту мегӯяд: Чашми хештан баркан ва ман низ як чашми худ барканам ва ҳар дуро бисанҷем, агар чашми ман ва чашми ту баробар оянд, даъвии ту рост

1 Бойеъ – фурӯшанда.

пешина
аз 92
навбатӣ