Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Он мард гуфт:
– Ҳар касе инро ба ту гуфта, хато кардааст, ки дар ин шаҳр ӯро ба ҷойи ҳезум ба кор баранд.
Чун бозаргон сухани он мард шунид, ба надомат андар гашта, афсӯс хӯрд. Пас аз он дар яке аз корвонсароҳои шаҳр фуруд омада, аз чӯбҳои сандал дар зери дег ҳамесӯхт. Ҳамон мард, ки нахуст бо ӯ мулоқот карда буд, ба корвонсаро омада, бозаргонро дид, ки чӯбҳои сандал ҳамесӯзанд, ба ӯ гуфт:
– Ин чӯбҳоро ба як соъ1 аз ҳар чӣ хоҳӣ, ба ман фурӯш.
Бозаргон гуфт:
– Фурӯхтам!
Дарҳол он мард чӯбҳо аз манзили ӯ берун бурд ва қасдаш ин буд, ки агар ба қимати чӯбҳо зари сурх диҳад, зиёне нахоҳад кард ва ӯро суд як бар даҳ хоҳад буд. Он гоҳ бозаргон аз корвонсаро бадар омада, дар миёни шаҳр ҳамерафт, ки марде азрақчашми аъвар2 бо ӯ мулоқот кард ва бар вай биёвехту гуфт, ки:
– Як чашми маро ту талаф кардай ва ман ҳаргиз туро раҳо накунам!
Бозаргон инкор кард. Муҳосиматашон3 дар гирифт. Мардумон бар эшон гирд омаданд ва аз аъвар як рӯз муҳлат хостанд, ки бозаргон дияти чашми ӯро бидиҳад. Он гоҳ аъвар аз бозаргон зомин гирифта, ӯро раҳо кард. Чун бозаргон аз чанги аъвар халос ёфт, ба дари дукони порадӯз рафта кафш бад-ӯ дода, гуфт:
– Инро ба ислоҳ биёвар, ки туро чизе диҳам, ки розӣ шавӣ.
Ин бигуфту аз эшон даргузашт. Ба ҷамоате расид, ки қимор мебохтанд. Аз ғояти андӯҳ дар паҳлуи эшон ба тафарруҷ бинишаст. Эшон ӯро ба бозӣ бихонданд. Ӯ
1 Соъ – паймонай ғалла, тақрибан се килограмм.
2 Аъвар – одами якчашм.
3 Муҳосимат – душманӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё