Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

уштуру савор гашта, ӯро радифи худ карда ҳамерафтанд. Чун чоштгоҳ шуд, саворе диданд, ки ба уштуре савор аст ва маҳори уштури дигаре дар даст дораду шитобон ҳамеояд. Ба ӯ гуфтанд:
– Ту кистӣ?
Гуфт:
– Ман Адӣ ибни Ҳотами Тойӣ1 ҳастам.
Пас Адӣ ибни Ҳотам гуфт:
– Зулкироъи амири Ҳимяр кадом аст?
Зулкироъро ба ӯ бинамуданд, он гоҳ ба Зулкироъ гуфт:
– Бар ин уштур савор шав, ки уштури туро падари ман наҳр карда ва ман ин уштур ба ҷойи ӯ овардаам.
Зулкироъ гуфт:
– Ин хабар ба ту кӣ гуфт?
Адӣ ибни Ҳотам гуфт:
– Ман дӯш хуфта будам, падарам дар хоб ба ман гуфт: «Эй Адӣ, бидон, ки Зулкироъи малики Ҳимяр аз ман зиёфат хоставу ман уштури ӯро наҳр кардам. Ту ӯро бо уштур дарёб, ки савор шавад ва узр бихоҳ, ки дар назди ман чизе набуд».
Пас, Зулкироъ уштурро гирифта, аз ҷуду саховати Ҳотам дар шигифт бимонданд.

ГАРДАНБАНДИ ДУЗДИДАШУДА
– Эй малик, шунидаам зане парҳезгор пайваста парастиши Парвардигор мекард. Гоҳе низ ба қасри малике аз мулук мерафт, ки аз дами қадамаш мутабаррик2 мешуданд ва аз анфоси қудсияаш захираҳо меандӯхтанд. Рӯзе ба одати маъҳуд ба ҳамон қаср

1 Адӣ ибни Ҳотами Тойӣ – писари Ҳотами Тойӣ, раиси қабилаи Той дар замони ҷоҳилият. Дар соли нуҳуми ҳиҷрат ба дини ислом гаравид. Соли 687 дар синни садубистсолагӣ аз олам даргузашт.
2 Мутабаррик – баракат ёфтан.

пешина
аз 92
навбатӣ