Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ФарҳангАдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

даромад ва дар паҳлуи зани малик бинишаст. Зани малик иқде,¹ ки ҳазор динор қимат дошт, бад-ӯ доду гуфт:
– Эй фалона, инро нигоҳ дор, то ман ба гармоба рафта, берун оям.

Зани парҳезгор иқд гирифта дар манзили малика бинишаст. Малика ба гармобае, ки дар қаср буд, бирафт ва он зан иқд дар пеши саҷҷода гузошта, худ ба намоз бархоста, намоз ҳамекард, ки парандае омада, он иқд бирабуд ва дар яке аз шикофиҳои қаср бигузошт ва он зан бар он огоҳ нашуд. Чун зани малик аз гармоба бадар омад, иқд бихост. Он зан иқд бар ҷо наёфт ва ҷустуҷӯ кард, асаре аз ӯ падид нашуд. Ба зани малик гуфт:
– Эй духтар, ба Худо савганд, ки ҳеҷ кас бад-ин макон наёмад ва ман иқдро гирифта, дар пеши саҷҷода гузошта будам. Намедонам касе аз ходимон ӯро дида, маро ғофил карда бардоштааст ё на. Ғайбро ҷуз Худои таоло кас намедонад!

Чун ин хабар ба малик расид, зани худро фармуд, ки он парҳезгари бегуноҳро биёзорад ва доғаш биниҳад.

Малика он зани парҳезгорро бо гуна-гуна озорҳо биёзурд ва он покфитрат ба чизе эътироф накарду ба касе тӯҳмат набаст. Пас аз он малик фармуд, ки ӯро ба зиндон андар карданд ва қайдҳо бар дасту пояш бигузоштанд. Пас аз он малик рӯзе дар миёни қаср бо зани худ нишаста буд, ки чашмаш ба парандае афтод, ки он иқдро аз шикофи девор ҳамекашад. Дарҳол малик бонг ба канизакон зад. Канизакон иқд аз паранда бозгирифтанд. Он гоҳ малик донист, ки он зан мазлума буда, аз кардаи худ пушаймон шуд ва ба ҳозир оварданаш бифармуд. Чун ҳозир оварданд, малик сари ӯ бибӯсиду маъзарат хост ва моле бисёр ба ӯ дод. Он бегуноҳи аз дунёгузашта мол нагирифт ва аз назди

¹ Иқд – гарданбанд.

пешина
аз 92
навбатӣ