Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
гӯри ӯ аз санг ҳавз сохтанд ва сурати духтароне парешонмӯву кушодагесӯ дар санг нақш карданд. Дар пойи он кӯҳ наҳре буд равон, ки ҳар гоҳ корвон дар сари он наҳр фуруд меомаданд, то ҳангоми бомдод овози нолаву шеван мешуниданд. Пас, чун субҳ мешуд, ҳеҷ кас ҷуз суратҳои духтарон, ки дар санг нақш буданд, намеёфт. Гӯянд: Вақте Зулкироъ – малики Ҳимяр дар он ҷо фуруд омад ва шаберо дар он ҷо ба рӯз овард. Чун овози шевану гиристан бишунид, гуфт:
– Сабаби ин нолаву фарёд чист?
Ба ӯ гуфтанд:
– Гӯри Ҳотами Тойӣ дар ин ҷост ва дар сари гӯри ӯ ҳавзе ҳаст аз санг ва сурати духтарони мӯпарешон дар санг нақш кардаанд ва ҳар шаб овози нолаву шеван ба гӯши фурудояндагон ҳамеояд.
Пас Зулкироъ – малики Ҳимяр Ҳотамро сухрияву истеҳзо карда, ба ҳозирон гуфт, ки:
– Мо имшаб меҳмони Ҳотами Тойӣ ҳастем, гуруснаем ва аз Ҳотам таманнои зиёфат дорем.
Пас аз соате хоб бар ӯ ғалаба кард ва ҳаросон аз хоб бедор гашту гуфт:
– Эй тоифаи араб, биёед ва уштури маро биёваред.
Чун уштурро биёварданд, диданд, ки уштур ларзон аст. Пас Зулкироъ фармуд уштурро наҳр карданд ва гӯшти ӯро бирён карда бихӯрданд. Пас аз он ҳозирон сабаби онро аз Зулкироъ ҷӯён шуданд. Гуфт:
– Чун ман бихуфтам, Ҳотами Тойӣро дар хоб дидам, ки шамшер дар даст гирифта, ба сӯйи ман омада гуфт: «Ту пеши мо омадай, дар ҳолате, ки моро чизе нест». Он гоҳ уштури маро бо ҳамон шамшер наҳр кард. Чун аз хоб бедор шудам, шуморо гуфтам, ки уштури маро дарёбед ва медонам, ки агар шумо наҳраш накарда будед, ҳаройина мемурд.
Пас, чун рӯз баромад, Зулкироъ уштури яке аз ёрони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё