Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
АЙЁРИ ҶАВОНМАРД
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки дар сарҳадди Искандария волие буд Ҳусомуддин - ном. Шабе аз шабҳо дар маснади бузургӣ нишаста буд, ки марде аз сипоҳиён ба назди ӯ даромаду ба ӯ гуфт:
– Айюҳалволӣ, ман имшаб бад-ин шаҳр дохил шудаму дар фалон корвонсаро фуруд омадам ва посе аз шабро дар он ҷо бихуфтам. Чун бедор шудам, дидам, ки бадрае, ки ду ҳазор динор дар ӯ буд, аз хурҷини ман гум шуда.
Волӣ сарҳангонро фармуд, ки ҳар кас ба корвонсаро андар буд, ҳозир оварданд ва эшонро то бомдод ба зиндон бифиристод. Чун бомдод шуд аз зиндонашон бадар овард ва марди сипоҳиро низ бихосту ҳамехост, ки эшонро уқубат кунад. Ногоҳ марде сафҳо шикофта, пеш омад ва дар назди волӣ биистоду гуфт:
– Айюҳаламир, ин мардумро раҳо кун, ки эшон мазлумонанд ва моли ин сипоҳиро ман бурдаам ва бадраи ӯ ҳамин аст, ки аз хурҷин бадар овардаам.
Пас бадраро аз остин дар овард ва дар пеши волию он марди сипоҳӣ биниҳод. Волӣ ба он мард гуфт:
– Моли худ бигир, ки туро ба мардумони дигар роҳе нест!
Ҳозирон он мардро дуо карданд, пас аз он мард гуфт:
– Айюҳаламир, ин ки бадраро худ ба назди ту овардам, айёрӣ набуд, балки айёрӣ ин аст, ки ин бадраро дубора аз ин марди сипоҳӣ бирабоям.
Волӣ гуфт:
– Эй айёр, чӣ кардӣ ва бадраро чӣ гуна рабудӣ?
Гуфт:
– Айюҳаламир, ман дар Миср ба бозори сайрафиён1 истода будам, ки ин мард ин зарҳоро саррофӣ карда, ба миён биниҳод. Ман кӯча ба кӯча аз пайи ӯ равон шудам
1 Сайрафиён – саррофон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё