Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

хост. Ҳишом ҷавоз дод. Чун бори севум дастурӣ талабид, кӯдак донист, ки агар ин бор сайёф ҷавоз ёбад, хоҳадаш кушт. Он гоҳ чунон хандид, ки дандонҳои навочидаш1 ошкор шуданд. Ҳишомро аз хандаи ӯ хашм афзун гашту гуфт:

– Эй кӯдак, гумон дорам, ки девона ҳастӣ, магар намебинӣ, ки акнун аз дунё хоҳӣ рафт ва аз зиндагонӣ ҷудо хоҳӣ шуд! Дар ин ҳолат туро ханда аз баҳри чӣ буд?

Кӯдак гуфт:

– Айюҳалхалифа, агар дар аҷал таъхир бошад, ҳеҷ чиз аз барои ман зиён надорад, валекин, эй халифа, байте чанд маро ёд омад, онҳоро бишунав, ки дар куштани ман фурсат фавт нахоҳад шуд.

Ҳишом гуфт:

– Абёт бихон, вале ба ихтисор бикӯш!

Кӯдаки араб ин абёт бархонд:

Яке саъва дар чангули чирабоз

Ҳамегуфт бо лобаву бо ниёз:

Ало, эй ки бар мурғакон меҳтарӣ,

Бибахшоӣ бар кӯдаки лоғаре,

Макун зӯрмандӣ, ки набвад савоб,

Ки бо пашша зӯр озмояд уқоб.

Ҳишом табассум карда, гуфт:

– Ба ҳаққи қаробате, ки маро бо Расул ҳаст, агар ин кӯдак нахуст ин суханонро мегуфт, ба ҷуз хилофат он чи ки аз ман мехост, дареғ намедоштам. Эй ходим, даҳони ӯро пур аз гавҳар кун!

Он гоҳ ходим ҷоизае бузург аз зару мол бад-ӯ дод. Кӯдак ҷоиза гирифта бозгашт ва аз пайи кори хеш рафт.

1 Навочид – ба маънои сафед.

пешина
аз 92
навбатӣ