Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

АдабиётҲикояФарҳанг
Аз аввал хондан

ба Ҳишом расида дар баробари ӯ биистод ва чашм ба замин дӯхта, салом надоду сухан нагуфт.
Яке аз ходимон гуфт:
– Эй пасттарини кӯдакони араб, чаро ба халифаи замон салом накардӣ?

Он писар хашмгин ба сӯйи ӯ нигоҳ карда гуфт:
– Ё бардаъаталҳимор,1 маро тӯли тариқу вомондагӣ аз ин боз дошт, ки халифаро салом кунам.

Ҳишомро ғазаб афзун гашта, гуфт:
– Эй кӯдак, имрӯз туро иқбол баргаштаву марг расидааст.
Кӯдак гуфт:
– Эй Ҳишом, ба Худо савганд, агар маро рӯзе мондаву рӯзии ман ба сар нарасида бошад, сухани ту бар ман зиён нарасонад!

Он гоҳ ҳоҷиб ба он кӯдак гуфт:
– Эй палидак, туро рутбат ба он поя аст, ки бо халифаи замон ба [ҳавои] даҳон сухан гӯйӣ?!

Он кӯдак басуръат посух бидод, ки:
– Ҳамвора ба меҳнат гирифтор ойӣ ва аз ранҷу таъаб дур нашавӣ! Магар нашунидай, он чи Парвардигор фармуда: «Йавма таътӣ куллу нафсин туҷодилу ъан нафсиҳо».2

Дар он ҳангом Ҳишом сахт хашмгин шуда, сайёфро фармуд:
– Сари кӯдак ба назди ман ор, ки ӯ адаб нигоҳ надошт ва сухан бисёр гуфт!

Сайёф кӯдак бигирифт ва ба натъаш3 бинишонду теғ баркашида, дар сари ӯ биистод ва аз Ҳишом дастурӣ хост. Ҳишом ба куштанаш бифармуд ва дубора иҷоза

1 Бардаъаталҳимор – полони хар.
2 Он рӯз, ки ҳар шахсе аз зоти худ ҷидолкунон биёяд (порае аз ояти 111, сураи Наҳл).
3 Натъ – суфра ё фарши чармин, ки гунаҳкоронро ба рӯйи он нишонда сар мезаданд.

пешина
аз 92
навбатӣ