Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
ва ба дуздидани ин мол роҳе наёфтам. Пас аз он ин мард савор шуда, сафар кард. Ман аз пайи ӯ шаҳр ба шаҳр ҳамегаштам ва дар гирифтани ин мол ҳилатҳо ба кор мебурдам, вале ба гирифтани ин мол роҳе наёфтам. Чун ӯ бад-ин шаҳр даромад, ман низ аз пайи ӯ даромадам. Чун ба корвонсаро фуруд омад, ман низ дар паҳлӯи ӯ ҷой гирифтам ва ба интизори ӯ будам, то ин ки бихобид ва нафири1 хоб аз ӯ бишнидам. Нармак-нармак ба сӯйи ӯ рафта, хурҷинро бо ин корд бурида, бадра бад-ин минвол бигирифтам.
Ва даст бурда, бадра аз пеши волию сипоҳӣ бигирифт ва ба як сӯ рафт. Мардум ӯро медиданд ва гумон мекарданд, ки мехоҳад ба эшон бинамояд, ки бадраро аз хурҷин чӣ гуна гирифтааст, ки ногоҳ ӯ бидавид ва худро ба биркаи2 об бияндохт. Волӣ бонг ба ходимон зад, ки:
– Ӯро гиред!
Ходимон бирафтанд ва раҳтҳо наканда ба бирка андар шуданд, вале он марди айёр аз пайи кори худ рафта буд. Ӯро басе тафтиш карданду наёфтанд. Он гоҳ волӣ ба марди сипоҳӣ гуфт:
– Туро ба мардум дасте намонд, ки ситамкори худро бишинохтӣ ва моли худро ба даст оварда, натавонистӣ нигоҳ доштан.
Пас сипоҳӣ бархоста, маҳзун бирафт ва мардумон аз дасти ӯ халос шуданд.
СЕ ВОҚЕАИ АҶИБ
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки малик Носир дар рӯзе аз рӯзҳо волии Қоҳираву волии Булоқу волии Мисри қадимро ҳозир овард ва ба он се тан волиён гуфт, ки:
1 Нафир – овоз, садо.
2 Бирка – ҳавз, обанбор, кӯлмак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё