Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ФарҳангАдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

– Чист подоши он, ки мактуби музаввар аз номи ман ба сӯйи душмани ман барад?
Пас ҳар кадом аз надимон сухане гуфтанд ва ҳар яке як гуна уқубат сазо диданд. Яҳё ба эшон гуфт:
– Ҳамагӣ ба хато андар шудеду сухан носанҷида гуфтед ва аз пастии ҳиммату хиссати фитрат, ки шуморост, маро бад-ин кор ишорат кардед. Шумо қурбу манзилати Абдуллоҳро ба халифа донистаед ва душманию ҳасад, ки миёнаи ману ӯст, ба шумо маълум аст. Алҳол Худованди таоло ин мардро сабаби дафъи душманӣ ва воситаи сулҳ миёнаи ману ӯ карда ва хусумате, ки солҳо дар дилҳои мо мебуд, ба воситаи ин мард ба ошноию муҳаббат бадал хоҳад шуд. Пас, маро фарз аст, ки он мардро тасдиқ кунам ва мактубе ба Абдуллоҳ бинависам, ки ба икрому эҳтироми он мард бияфзояд.
Чун надимон ин сухан бишуниданд, Яҳёро дуо гуфтанд ва аз караму ҷавонмардии ӯ шигифт монданд. Он гоҳ Яҳё варақаву давот бихост ва мактубе ба сӯйи Абдуллоҳ бинавишт, бад-ин мазмун: «Бидон, ки мактуби ту ба ман расид ва ман ӯро хондаму ба саломати ту шодмону хурсанд гаштам ва ин ки ту гумон кардай, ки он мард мактуби музаввар аз ман ба сӯйи ту оварда, ҳошалиллоҳ, на чунин аст, балки китобу хитоб аз ман аст ва таманнои ман аз караму эҳсон ва фитрати накӯи ту ин аст, ки ба андозаи хоҳиши он мард ӯро бинавозӣ ва ҳурмати ӯ нигоҳ дорию ӯро ба мақсуд расонӣ ва ба иноятҳои худ махсус кунӣ, ки ҳар эҳсон ба ҷойи ӯ кунӣ, дар ҳақиқат ба ҷойи ман кардай ва ман миннатпазиру шукргузор ҳастам». Пас мактубро хатм карда, ба вакил бисупурд ва вакил мактубро ба Абдуллоҳ фиристод. Чун Абдуллоҳ мактуб бихонд, аз мазмуни мактуб фараҳноку мубтаҳиҷ шуд ва он мардро ҳозир овард. Ба ӯ гуфт:
– Кадом як аз он ду чиз, ки ваъда карда будам, дӯсттар дорӣ?

пешина
аз 92
навбатӣ