Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
сӯ неҳ, ки ман саъйи туро беҳосил накунаму туро ноумед нагардонам.
Он мард гуфт:
– Худо умри туро тӯлонӣ гардонод, агар омадани ман бар ту гарон аст, дар манъи ман ҳоҷат ба баҳона нест, ки замини Худо васеъу рӯзидиҳанда зинда аст ва мактубе, ки овардаам, аз Яҳё ибни Холиди Бармакӣ мебошад.
Абдуллоҳ гуфт:
– Ман ба вакили худ, ки дар Бағдод дорам, чизе бинависам ва ӯро маъмур кунам, ки аз ҳоли ин мактуб ҷӯён шавад. Агар ин мактуб саҳеҳу ғайримузаввар бошад, яке аз билоди худро ба ту бидиҳам ва ё ин ки дувист ҳазор дирам бо як асбу як шутур ва хилъате шоигон ба ту бидиҳам ва агар мактуб музаввар бошад, бигӯям, туро дувист тозиёна бизананд ва занахи туро битарошанд.
Пас Абдуллоҳ фармуд, ӯро ба ҳуҷрае бурда, мояҳтоҷи ӯро дар он ҳуҷра омода созанд, то кори ӯ маълум шавад. Он гоҳ Абдуллоҳ ба вакили худ бад-ин мазмун мактуб навишт, ки: «Марде ба назди ман омада, мактубе бо худ биёвард ва сухани ин мард ин аст, ки мактуб аз Яҳё ибни Холиди Бармакӣст. Вале ман сӯизан бурда, мактубро қабул накардам. Акнун туро фарз аст, ки ин муҳмал нагузорӣ ва худ рафта, ҳақиқати ҳол маълум кунӣ ва ба зудӣ ҷавоб аз барои ман бифиристӣ, то росту дурӯғро бидонам». Чун мактуби Абдуллоҳ дар Бағдод ба вакили ӯ бирасид, дарҳол савор гашта, ба хонаи Яҳё ибни Холид бирафт. Дид, ки Яҳё бо надимону хосон нишаста. Ӯро салом доду мактуб ба пеши рӯйи ӯ биниҳод. Яҳё мактуб бихонд. Ба вакил гуфт:
– Фардо ба назди ман ой, то ҷавоб бинависам.
Чун бирафт, Яҳё рӯй ба надимон карда, гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё