Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Он мард гуфт:
– Зар дар назди ман беҳтарини чизҳост.

Пас Абдуллоҳ дувист ҳазор дирам ва ду асби тозию бист ҷомаи фохиру даҳ тан мамлук ва порае гавҳарҳои гаронбаҳо ба он мард ато фармуд ва ӯро ба шодию сурур ба Бағдод равона кард. Чун он мард ба Бағдод расид, пеш аз он ки ба хонаи худ равад, ба саройи Яҳё ибни Холид рафта, иҷозати духул хост. Ҳоҷиби Яҳё рафта ба ӯ гуфт:
– Ё мавлоно, ба дари хона мардест боҳишмат, ки мамлукони бисёр дорад ва ҳамехоҳад, ки ба назди ту ояд.

Яҳё ҷавоз бидод. Чунон мард дар ҳузури Яҳё ҳозир шуд, замин бӯса дод. Яҳё ба ӯ гуфт:
– Ту кистӣ?

Он мард гуфт:
– Эй хоҷа, ман онам, ки аз ситами рӯзгор мурда будаму ту маро зинда кардӣ ва ман онам, ки мактуби музаввар аз ҷониби ту ба сӯйи Абдуллоҳ ибни Молики Хузоъӣ бурда будам.

Яҳё ба ӯ гуфт:
– Ӯ бо ту чӣ кор кард ва туро чӣ ато кард?

Он мард гуфт:
– Маро чандон чиз бидод, ки бениёз шудам ва ҳамаи атиятҳову мавҳибатҳои ӯро овардаам, ба дари хона аст ва фармон аз они туст.

Яҳё гуфт:
– Кори ту бо ман беҳтар аз корест, ки ман бо ту кардам ва туро бар ман миннат аст бузург, ки душманию хусумате, ки миёнаи ману он марди муҳташам буд, ба садоқату маваддате бадал шуд. Ман низ туро чандон мол, ки Абдуллоҳ додааст, бидиҳам!

Пас, Яҳё фармуд, аз барои он мард молу асбу хилъат, чандонки Абдуллоҳ дода буд, бидоданд. Он мард бо моли бисёру неъмати фаровон боз гашт ва ба он ду ҷавонмард санохон буд.

пешина
аз 92
навбатӣ