Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

АдабиётҲикояФарҳанг
Аз аввал хондан

– Аз пайи кори худ рав, ки ин хато аз шавҳари ман буд, на аз ту ва ин кор, ки ту кардӣ, ивази бадкории ӯ буд.
Чун зани он мард кирдори саққоро ба шавҳари худ бигуфт, марди заргар гуфт:
– Даққатун бидаққатин, яъне ивази як дафъа кӯбидани дар як дафъа кӯбидан аст. Агар ман беш аз ин мекардам, саққо низ беш аз ин мекард.
Пас, ин калом дар миёни мардумон масал шуд.

ТАДБИРИ ЗАН
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Хусрав малике буд аз мулук, ки моҳӣ дӯст медошт. Рӯзе бо зани худ Ширин нишаста буд, ки сайёде моҳие бузург ба ҳадяти Хусрав биёвард. Хусравро он моҳӣ писанд афтод. Чаҳор ҳазор дирам аз барои сайёд бифармуд.
Ширин гуфт:
– Бад коре буд ин ки ту кардӣ, агар ту пас аз ин, ин қадар мол ба яке аз ҳашами худ диҳӣ, ӯ он молро ҳақир хоҳад шумурду хоҳад гуфт: «Ба ман чандон мол дод, ки ба сайёд дода буд». Ва агар камтар аз мол бидиҳӣ, хоҳад гуфт: «Ман дар назди малик мартабаи сайёде надоштаам».
Хусрав гуфт:
– Рост гуфтӣ, валекин аз барои мулук қабеҳ аст, ки атои хеш бозситонанд.
Ширин гуфт:
– Ман тадбире дар бозпас гирифтани атият бикунам.
Хусрав гуфт:
– Чӣ тадбир хоҳӣ кард?
Ширин гуфт:
– Ту ӯро ҳозир овар ва ба ӯ бигӯ, ки ин моҳӣ нарина аст ё мода. Агар бигӯяд нарина аст, ту бигӯ, маро моҳии мода зарур аст ва агар бигӯяд мода аст, бигӯ, ки мо нарина ҳамехоҳем.

пешина
аз 92
навбатӣ