Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Малик сайёдро бихост, чун сайёд бозгашт, Хусрав аз ӯ пурсид, ки:
– Ин моҳӣ нарина аст ё мода?
Сайёд замин бӯса дода гуфт:
– Эй малик, на нарина аст, на мода. Ин моҳӣ хунсо1 аст.
Хусрав аз ин сухани ӯ бихандид ва чаҳор ҳазор дирами дигар ӯро ҷоиза дод. Сайёд дирамҳо ба анбоне, ки бар дӯши худ дошт, гузошта, хост, ки берун равад, як дирам аз ӯ ба замин афтод. Дарҳол сайёд анбон ба замин гузошта аз барои дирам ҳам шуду дирамро бардошт ва малик бо Ширин ӯро назора мекарданд, Ширин гуфт:
– Айюҳалмалик, хасосату пастии ин мардро мушоҳида кун, ки як дирам аз ӯ афтод, ба худ ҳамвор накард, ки он як дирам бар ҷой бигузорад, то яке аз ғуломони малик он як дирам бардорад.
Малик чун ин сухан бишунид, аз пастии фитрати сайёд барошуфта гуфт:
– Рост гуфтӣ!
Пас аз он фармуд, сайёдро боз гардонанд.
Ба ӯ гуфт:
– Эй пастҳиммат ва эй бахилтабъ, чӣ гуна аз барои як дирам анбон ба замин гузошта, ҳам гаштӣ?
Сайёд замин бӯса дода гуфт:
– Худои таоло зиндагонии малик дароз кунад! Ман дирамро на аз баҳри он бардоштам, ки чизе ба хотирам расид. Дирам аз замин баҳри он бигирифтам, ки як рӯйи дирам сурати малик ва дар рӯйи дигар номи маликро нақш карда буданд. Тарсидам, ки касе надониста пой бар он бигузорад ва аз барои он номи малику сурати малик истихфоф2 шавад.
1 Хунсо – ҷонваре, ки ҳам аломати мардӣ ва ҳам аломати занӣ дошта бошад.
2 Истихфоф – ҳақир шумурдан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё