Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
одати маъҳуд1 об биёварду ба хумраҳо рехт ва он зан дар миёни хона истода буд. Саққо ба назди ӯ рафта, дасти ӯро бигирифту бифишурд ва роҳи хеш пеш гирифта, бирафт. Чун шавҳари он зан аз бозор боз омад, зан ба ӯ гуфт:
– Рост гӯй, ки ту имрӯз дар бозор чӣ кардай, ки Худои таоло аз он дар ғазаб шуда?
Он мард гуфт:
– Он чи имрӯз кардаам, ба ростӣ бо ту бозгӯям ва он ин аст, ки ба дукон нишаста будам, зане ба сӯйи дукони ман биёмаду фармуд, ки дастбанде аз барои ӯ бисозам. Ман дастбанде заррин сохта, ба ӯ бидодам. Дасти худ бадар овард. Даст ба соид2 биниҳод. Ман аз сафедии дасту накӯии соиди ӯ ба ҳайрат бимондам ва гуфтаи шоир ба хотир овардам:
Дасте аз парда бурун омад чун оҷ3 сафед,
Гуфтӣ аз меғ ҳаме теғ занад Зуҳраву Моҳ.
Пушти дасте ба масал чун шиками қокум4 нарм,
Чун думи қокум бар карда сарангушти сиёҳ.
Он гоҳ дасти ӯро гирифта бифишурдам. Зан гуфт:
– Субҳоналлоҳ, гуноҳ аз марди саққо набудааст, ки ӯ сӣ сол аст ба хонаи мо роҳ дорад ва ҳаргиз ман аз ӯ хиёнате надида будам, магар имрӯз дасти маро бигирифту бифишурд.
Пас он мард истиғфор карду ба Худо бозгашт. Рӯзи дигар марди саққо биёмад ва дар назди зан хештанро ба хок бияндохту маъзарат хост ва гуфт:
– Эй хотун, аз ман даргузар, ки шайтон маро фириб дод.
Зан ба ӯ гуфт:
1 Маъҳуд – маъмул.
2 Соид – аз банди даст то оринҷ.
3 Оҷ – устухони фил.
4 Қокум – ҷонварест монанди санҷоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё