Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

дил бигирифт, ки чун ба самти мамлакат боз гардад, ба хироҷи деҳкада биафзояд ва бо худ гуфт: Дар деҳкадае, ки аз як най чандин об фишурда шавад, чӣ гуна хироҷи он ба ин қиллат1 хоҳад буд? Пас аз он малик ба нахҷиргоҳ рафт ва ҳангоми шом бозгашта ба дари ҳамон хона бигузашту об бихост. Ҳамон духтарак баромад. Маликро бишинохту ба хона бозгашт, ки аз баҳри ӯ об биёварад. Омаданаш дер кашид. Анӯшервон шитоб кард. Чун духтар биёмад, ба ӯ гуфт:
– Аз баҳри чӣ дер кардӣ?
Духтарак гуфт:
– Аз як най ба қадри ҳоҷат шакар барнаёмад, ночор се-чор най фишурдам, боз ба қадри ширае, ки аз як най баромада буд, аз онҳо наёмад.
Анӯшервон гуфт:
– Ин воқеаро сабаб чист?
Духтарак гуфт:
– Нияти султон дигаргун гашта.
Гуфт:
– Инро аз куҷо донистӣ?
Гуфт:
– Аз пешиниён шунидаам, ки чун нияти султон ба қавме дигаргун шавад, баракат аз он қавм биравад.
Пас Анӯшервон бихандид ва он чиро, ки дар дил гирифта буд, аз дил бадар овард ва духтаракро ба хештан тазвиҷ кард.

МУКОФОТИ АМАЛ
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки дар шаҳри Бухоро марде буд саққо,2 ки ба хонаи марде заргар об мебурд. Сӣ сол он мардро ҳол бад-ин минвол гузашт ва он заргар зане хубрӯву покдоман дошт. Рӯзе саққо ба

1 Қиллат – камӣ, кӯтоҳӣ.
2 Саққо – машкоб, обкаш.

пешина
аз 92
навбатӣ