Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
пеш рафта, сари ӯро бибӯсид. Икрима сар ба сӯйи ӯ бардошта ба ӯ гуфт:
– Сабаби ин кори ту чист?
Хузайма гуфт:
– Кирдорҳои хуби ту ва подош додани ман бо бадӣ.
Икрима гуфт:
– Худои таоло бар ману ту хоҳад бахшид.
Пас аз он Хузайма зиндонбонро ба кушодани қайдҳо бифармуду гуфт:
– Қайд дар пойи ман ниҳед!
Икрима гуфт:
– Қасди ту чист?
Хузайма гуфт:
– Қасди ман ин аст, ки бо ман он кунӣ, ки ман бо ту кардам.
Икрима гуфт:
– Туро ба Худо савганд медиҳам, ки ин кор макун.
Пас аз он ҳамагӣ берун баромаданд, то ба хонаи Хузайма расиданд. Икрима Хузаймаро видоъ гуфта қасди бозгашт кард. Хузайма ӯро манъ кард. Икрима гуфт:
– Манъи туро сабаб чист?
Хузайма гуфт:
– Ҳамехоҳам, ки ҳолати туро тағйир диҳам, аз он ки шарми ман аз духтари амми ту беш аз хиҷлатест, ки аз ту дорам.
Он гоҳ Хузайма ба хилват кардани гармоба амр кард ва ҳар ду ба гармоба андар шуданду Хузайма худ ба хизмати ӯ қиём кард. Чун берун омаданд, хилъате фоҳир бар Икрима дод ва ӯро савор карда, моле бисёр бо ӯ бардошту худ низ бо ӯ ба сӯйи хонаи ӯ равон шуд ва аз духтари амми Икрима маъзарат хост. Ӯ низ узри Хузайма бипазируфт. Пас аз ин Хузайма аз Икрима таманно кард, ки бо ӯ ба сӯйи Сулаймони Абдулмалик равон шавад. Икрима даъвати ӯ иҷобат карду ҳар ду равон шуданд, то ба назди Сулаймон ибни Абдулмалик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё