Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

бирасиданд. Ҳоҷиб халифаро аз омадани Хузайма огоҳ кард.
Халифа гуфт:
– Чун аст, ки Хузайма – волии Ҷазира, бе фармони ман омада? Ин нахоҳад буд, магар ба сабаби ҳодисае бузург.
Пас ӯро ҷавози духул дод. Чун Хузайма ҳозир омад, пеш аз он ки салом диҳад, халифа гуфт:
– Эй Хузайма, чӣ ҳодисае рӯй додаву сабаби омаданат чист?
Хузайма гуфт:
– Айюҳалхалифа, наёмадам, магар ба сабаби ин ки Ҷобири Ашароти Киром падид овардаам. Чун туро дида будам, ки ба шинохтани ӯ моил ва шавқманди дидори ӯ ҳастӣ, хостам туро аз дидори ӯ масрур кунам.
Халифа гуфт:
– Ӯ кист?
Хузайма ҷавоб дод:
– Икримаи Файёз аст.
Халифа ба ҳозир омадани ӯ ҷавоз дод. Икрима ҳозир омад. Халифа ӯро бинвохт ва наздики худ хонду ба ӯ гуфт:
– Эй Икрима, накӯии ту Хузаймаро вабол шуд.
Пас аз он Сулаймон ибни Абдулмалик гуфт:
– Тамомати ҳоҷатҳои хеш бинавис!
Икрима ҳоҷатҳои худ бинавишт. Халифа дарҳол ҳоҷатҳои ӯ ба ҷо овард ва даҳ ҳазор динори зари сурҳу бист тахт ҷома зиёда бар он чи навишта буд, бад-ӯ дод ва ливои вилояти Ҷазира ва Армонияро ба вай супурду ба ӯ гуфт:
– Кори Хузайма бо туст. Агар хоҳӣ, маъзул кун ва агар хоҳӣ, дар шуғли худ бар ҷой бигзор!
Икрима гуфт:
– Айюҳалхалифа, ӯро ба ҷойи хештан боз гардонам.
Он гоҳ ҳар ду сӯйи Ҷазира бозгаштанд ва дар аҳди хилофати Сулаймон ноиби ӯ буданд.

пешина
аз 92
навбатӣ