Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

вазири Икрима ҳисоб хоҳанд. Чун ҳисоб диданд, моле бисёр ба зиммати Икрима биёфтанд. Хузайма мутолибат кард. Икрима гуфт:
– Ман ба чизе роҳ бар дор нестам.
Гуфт:
– Ночор бояд мол адо кунӣ!
Икрима гуфт:
– Маро моле нест, ҳар чӣ хоҳӣ кард, бикун!

Он гоҳ Хузайма фармуд, ки Икримаро ба зиндон кунанд. Чун Икримаро ба зиндон карданд, Хузайма кас ба мутолибати мол назди ӯ фиристод. Икрима ҷавоб дод, ки:
– Ман онам, ки молро сипари обрӯ кунам, ҳар чӣ хоҳӣ, бикун!

Хузайма амр кард, ки қайди оҳанин бар ӯ бигзоранд. Пас, Икрима моҳе, балки зиёдат дар зиндон бимонд, то ин ки ранҷур гашт. Пас аз он хабари ӯ ба духтари аммаш бирасид. Духтари аммаш аз ин ҳодиса маҳзун шуд. Ӯро канизаке буд худованди ақл, ӯро бихосту ба ӯ гуфт:
– Ҳамин соат ба дари амир Хузайма ибни Бишр шаву бигӯ, ки: «Дар назди ман панде ҳаст». Агар касе он панд аз ту бозпурсад, бигӯ, ки: «Ман ӯро нахоҳам гуфт, магар ба амир Хузайма». Он гоҳ амир туро бихоҳад, аз ӯ хилват масъулат кун. Чун ба ӯ хилват кунӣ, бигӯ, ки: «Подоши Ҷобири Ашароти Киром ин набуд, ки ӯро дар зиндон кардӣ ва қайди оҳанин бар ӯ биниҳодӣ».

Канизак чунон кард, ки хотун гуфт. Чун Хузайма сухани ӯ бишунид, ба овози баланд фарёд заду дарҳол фармуд, зин бар асб биниҳоданд ва акобири шаҳрро бихосту бо эшон ба сӯйи зиндон шуд ва дари зиндон бикушуд. Хузайма бо ҳозирон ба зиндон андар шуданд. Икрима бо ҳолате дигаргун нишаставу аз ранҷи зиндон низор гашта буд. Чун Икримаро чашм ба Хузайма афтод, хиҷил шуду сар ба зер андохт. Он гоҳ Хузайма

пешина
аз 92
навбатӣ