Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

– Эй Хузайма, дерест, ки аз мо дур гаштай, бозгӯ, ки сабаб чӣ будааст?
Хузайма гуфт:
– Сабаб бадҳолию парешонии рӯзгори ман буд.
Халифа гуфт:
– Аз баҳри чӣ ба сӯйи мо наёмадӣ ва чӣ чиз туро аз омадан ба сӯйи мо манъ кард?
Хузайма гуфт:
– Айюҳалхалифа, заъфи ман маро аз омадан манъ кард.
Сулаймон гуфт:
– Акнун чӣ гуна омадӣ?
Хузайма гуфт:
– Айюҳалхалифа, ман посе аз шаб рафта дар хонаи худ будам, ки марде дар бикӯфту ҳамёни зар ба ман дод.
Халифа гуфт:
– Оё он мардро мешиносӣ ё на?
Хузайма гуфт:
– Ло валлоҳ1, ки ӯ бас бузургвор буд ва аз ӯ ҷуз ин сухан нашнидам, ки гуфт: «Ман Ҷобири Ашароти Киромам».
Он гоҳ Сулаймон афсӯс хӯрду гуфт:
– Агар ӯро мешинохтем, ҳаройина подоши муруввати ӯро медодем.
Пас аз он халифа ливои омилии2 Ҷазира ба Хузайма дод, ки ҷойи Икримаи Файёз бинишинад. Хузайма ба қасди Ҷазира берун рафт. Чун ба Ҷазира наздик шуд, Икрима берун омада, бо ӯ мулоқот кард ва аҳли Ҷазира низ ба мулоқоти ӯ берун омаданду ба якдигар салом доданд ва ҳамерафтанд, то ба шаҳр андар шуданд. Хузайма дар дорулимора3 фуруд омаду фармуд, ки аз

1 На, савганд ба Худо.
2 Омил – ҳоким, волӣ.
3 Дорулимора – пойтахти аморат.

пешина
аз 92
навбатӣ