Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Гуфтанд:
– Оре, чунин шарт кардаем!
Қозӣ гуфт:
– Чун шарт чунин аст, рафиқи худатонро ҳозир сохта, бадра биситонед.
Он гоҳ боғбон аз дасти эшон халос ёфта, аз пайи кори хеш рафт.

ҲИКОЯТИ ХУЗАЙМА

Дар аҳди Сулаймон ибни Абдулмалик1 аз қабилаи банӣ Асад марде буд Хузайма ном, ки аз худовандони муруввату эҳсон буд ва пайваста дар тангию сахтӣ ба сар мебурд, то ин ки парешонрӯзгор гашт. Ба касоне, ки эҳсон карда буд, муҳтоҷ шуд. Эшон бо ӯ мувосот накарданд. Хузайма [чун] гиреҳи ҷабини эшон бидид, ба сӯйи зани худ, ки духтари аммаш буд, бирафту ба ӯ гуфт:
– Эй духтари ам, аз ёрони худ вафо надидам ва қасд кардам, ки дар гӯшаи хонаи хеш бинишинам, то марг даррасад.
Он гоҳ дари хонаи хештан бибаст ва бо он чи дошт, қаноат мекард, то ин ки ӯро чизе намонду дар кори худ ҳайрон шуд. Икрима Файёз Рабаъӣ ӯро мешинохт. Рӯзе дар маҷлиси Икрима сухане аз Хузайма ибни Бишр дар миён омад. Икрима аз ҳолати ӯ аз ҳозирон бипурсид. Гуфтанд:
– Ҳолате дорад, ки натвон гуфт ва акнун дар бар хештан баставу ба хона-андар нишастааст.
Икрима гуфт:
– Ин ҳолат аз бисёрии карами ӯ бар вай рӯй дод.
Пас, чун шаб баромад, Икрима чаҳор ҳазор динори зар дар ҳамёне карда, фармуд, ки асби ӯро зин кунанд. Чун зин карданд, савор шуду ҳамён ба ғуломе аз

1 Сулаймон ибни Абдулмалик (668-715) – шашумин халифаи умавӣ, ки солҳои 705-715 ҳукмронӣ кардааст.

пешина
аз 92
навбатӣ