Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
ғуломони худ бидод ва аз ҳама кас пӯшида, берун рафт, то ба дари Хузайма бирасид. Ҳамён аз ғулом гирифтаву ӯро аз худ дур кард ва худ танҳо пеш рафта, дар бикӯфт. Дарҳол Хузайма бадар омад. Икрима ҳамёни зар бад-ӯ дода, гуфт:
– Ин зарҳо ба хештан сарф кун!
Чун Хузайма ҳамён бигирифт, ӯро санггин дид. Ҳамён аз даст биниҳод ва лигоми асб бигирифту ба ӯ гуфт:
– Фидои ту шавам, ту кистӣ?
Икрима гуфт:
– Ман танҳо ин ҷо наёмадам, магар ин ки ту маро нашиносӣ.
Хузайма гуфт:
– То худро ба ман нашиносонӣ, лигоми асб раҳо накунам!
Икрима гуфт:
– Ман Ҷобири Ашароти Киромам,1 пайвандкунандаи шикастҳои каримонам.
Хузайма гуфт:
– Баён зиёдат кун!
Икрима беш аз ин сухан нагуфту бозгашт ва Хузайма ҳамён бардошта назди духтари ам шуд ва ӯро ба кушоиш башорат доду гуфт:
– Агар инҳо ҳамагӣ дирам бошанд, бисёр бошад, бархезу чароғ равшан кун!
Зани Хузайма гуфт:
– Роҳ ба чароғ надорам.
Пас Хузайма даст бар онҳо заду хушунати2 зарҳо бидонист, вале бовар надошт, ки онҳо зар бошанд.
1 Ҷобири Ашароти Киром – номе, ки қаҳрамони ҳикоят барои пинҳон доштани номи худ ва миннат наниҳодан ба Хузайма бофтааст.
2 Хушунат – дагалӣ, дуруштӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё