Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
ҳамекарданд, ки яке аз эшон берун омада, ба ман гуфт:
Бадраи зар бидеҳ!
Ман гуфтам:
– То ҳамагӣ ҳозир нашавед, нахоҳам дод!
Гуфт:
– Аз ёрони худ иҷозат дорам.
Ман сухани ӯро напазируфтаму бадра надодам. Ӯ бонг ба ёрони худ зад, ки:
– Боғбон чизе намедиҳад!
Ёрони ӯ маро овоз дода ба ман гуфтанд:
– Ҳар чӣ мехоҳад, бидеҳ!
Он гоҳ ман бадра бад-ӯ додам. Чун бадра биситад, аз боғ бадар омада, аз пайи кори хештан рафт. Пас аз соате ёрони ӯ ба сӯйи ман омада, ба ман гуфтанд:
– Аз баҳри чӣ шона намедодӣ?
Ман гуфтам:
– Ӯ шона аз ман нахоста ва ҷуз бадра сухане дигар бар забон наёвард. Ман низ бадра бад-ӯ додам.
Чун эшон ин сухан аз ман бишуниданд, маро гирифта, назди қози бурданд. Қозӣ маро ба ғаромати бадра амр кард.
Кӯдак гуфт:
– Эй модар, як дирам ба ман деҳ, ки ҳалво бигирам ва сухане бигӯям, ки халоси ту дар он бошад.
Боғбон як дирам ба он кӯдак бидод ва ба ӯ гуфт:
– Он сухан, ки маро халос кунад, бозгӯ!
Кӯдак гуфт:
– Эй модар, ба сӯйи қози боз гард ва ба ӯ бигӯ, ки шарти ман бо эшон ин буд, ки бадраро надиҳам, магар вақте ки эшон ҳамагӣ ҳозир шаванд. Ҳар вақт ки чаҳор тан бо ҳам ҳозир оянд, ман бадра бозпас диҳам.
Дарҳол боғбон ба сӯйи қози боз гашт ва он чӣ аз кӯдак омӯхта буд, ба қозӣ гуфт. Қозӣ аз бозаргонон пурсид, ки:
– Ин шарт дар миёни шумо ҳаст ё на?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё