Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў дид, ки Искандар андаке ковок гашта дар ду канори хеш ҷой омода кард. Вале Онаниюс гўё чунин эътиборро пай набурда, каси дигарро меҷўяд.
Олимпиада чунин гумҷўйийи тоҷирро пай бурда, ба Ланика ишора кард, то Онаниюсро назди худ хонад. Ланикайи пурдида ва пурдону бофаросат бархост аз ҷой, на тоҷирро, балки Тойисро наздаш хонд ва ҳини нишастан як газ бартар лағзид, то ба Тойису падари ў низ ҷой шавад. Атрофиён чунин марҳамати шоҳу хотунро дида, яқин гуфта наметавонанд, ки бойис чист: сарвати ўст, духтари ўст ва ё чизи дигар. Гирифторийи писар ба духтар ва модар ба падарро касе пай намебарад. «Шоҳзода гирифторӣ дорад ба духтари тоҷири отинӣ» хулоса мекунанд мушоҳидакорон.
Онаниюси тоҷир нигоҳи шоҳро дида таъзим кард сўйи ў ва чашмонаш Олимпиадаро меҷуст. Ва дид, ки чаптар Олимпиада чун тазарв гардан ёзида, ки садое аз дур шунида бошад. Тоҷири пир гомзаниву пойгузориашро гум кард: андаке ба чап майл овардан лозим буд, вале ў надонист, ки ба зинайи навбатӣ пойи чапашро гузорад ва ё пойи росташро. Тойис низ нигоҳҳои эшонро медид ва майлаш ҷониби шоҳ буд. Чун сўйи Олимпиада пойи рост гардонидани падарро дид, аз паҳлўйи шонайи падар нигоҳашро сўйи шоҳ дўхт ва каме сар андохта дурўд фиристод ва бар асари падар равон шуд ҷониби Олимпиада.
Пирўзиҳойи Искандар ва тамошойи таковаргоҳ он қадар ҳаловат намебахшид баройи Олимпиада, чунон ки омадани тоҷир.
Ў андаке ҷунбида баройи Онаниюс аз паҳлўйи чап ҷой холӣ кард ва Тойисро аз дасти рост нишонд, паҳлўйи Ланикаву худ.
Салому пурсу пос карданд ва Тойис дуздида сўйи шоҳ нигарист, ки нигоҳу ҳаваси ў ба таковаргоҳ буд. Искандар ба ваҷд омад.
Сохта буд ё ҳақиқӣ, равшан набуд. Вонамуд намекард аз наздаш наомадани Тойис хафа шуданашро. Балки хунаш тез, ҳаяҷонаш зиёд гашта буд, ба ситеза мехост паррида ба майдон равад ва бар Бусефали болдор нишаста корнамойӣ кунад, ҳунар намояд, то Тойисро қойил гардонад. Андешайи шоҳӣ аз сари ў дур шуда, қаҳрамон будан мехост: чун Геракл, чун Ахилл. Ин ҳам нашуд, он ҳам. Ҳолиё мехост зудтар сабқат анҷом пазирад, ў ҳамагон ба тарабхонайи шоҳӣ бихонад ва ҳунари беҳамтойи Тойисро тамошо кунад, ки дар ҳунару пешайи хеш касе баробар нагардад бо ў...
...Вале якбора фарёд зада бо кафи дастон чашм пўшидани Тойис ўро ба худ овард ва шоҳ чашм ба гетер дўхт ва аз фарёду ҳуштак кашиданҳойи баъзеҳо ба таковаргоҳ нигарист. Ва дид, ки гурдон чун набард доранд. Ва аз асби сиёҳмушкин паҳлў хамидани ялеро дид, ки китфи чапаш замин месойид. Чунин озмуну тамрин набарди ҳақиқӣ буд, ки гурде пирўз омада бар писари хурдийи Пармониёни сипаҳсолор. Паргумейи Пармониён яли ҷавони тавоно чун роҳ дода ба ин кор? Аз ҷой барҷастани писарони дигари сипаҳсолор

пешина
аз 390
навбатӣ